Теъдоди гирифторон ба ВНМО ва фавти онҳо аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ҳамасола 1-уми декабр чун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ВНМО қайд карда мешавад. Ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба ВНМО ва намоиши ҳамбастагии байналмилалӣ дар муқобили пандемия мебошад.

Бемории Вируси норасоии масунияти одам бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамъизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО фаъолият доранд. Ва ҳар як шахс метавонад ба ин марказҳо муроҷиат намояд ва маълумоти заруриро доир ба ин беморӣ дастрас кунад.

Тавре Алиҷон Солиев,  муовини директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО, ба «Азия-Плюс» хабар дод, аз соли 1991 то 30 сентябри соли 2022 дар маркази онҳо 14 ҳазору 800 нафар беморон ба қайд гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи Солиев, аз ин шумора 4 ҳазор 115 нафар ҳалок шудаанд. Бештар аз ҳама мардон гирифтори бемори буда, 9 ҳазору 433 нафарро ташкил медиҳанд. Занон бошад 5 ҳазору 367 мебошанд. Инчунин,  1 803 нафар беморонро кӯдакони то 18-сола ташкил медиҳанд.

Гуфта мешавад, то 1-уми октябри соли равон 10 ҳазору 685 нафар гирифтори ВНМО мебошанд. Ҳамчунин, 9 ҳазору 338 нафар бо табобат фаро гирифта шудаанд.

«Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 808 ҳолати нави гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шуда, дар ин давраи соли гузашта 732 нафар беморон ба қайд гирифта шудаанд», – афзуд Солиев.

Вай ҳамчунин илова кард, ки теъдоди мубталоён ба ВНМО дар манотиқи кишвар: Душанбе – 3 ҳазору 463, НТҶ – 2 ҳазору 752, вилояти Суғд – 3 ҳазору 410, вилояти Хатлон – 4 ҳазору 389, ВМКБ – 776 нафарро ташкил медиҳанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар давраи пандемия 29 нафар гирифторони ВНМО ба бемории коронавирус мубтало шудаанд, ки панҷ нафари онҳо фавтидаанд.

Муовини директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО гуфт, ки тамоми маводҳои доруворӣ барои бемории мазкур ва табобати он комилан ройгон буда, маводҳои дорувори аз соли 2016 ба Тоҷикистон ворид мешаванд. Доруҳо ҳамеша дастрас буда, дар интиқоли онҳо мушкиле надоранд.

Ӯ афзуд, ки гарчанде табобат ва доруҳои лозима барои ин беморон ройгон аст, вале аксари онҳо ба дастгирии ҷомеа, оила, дӯстон ва ҳамкорон ниёз доранд.

«Ин одамон ба дастгирии равонӣ ниёз доранд ва ин барои онҳо хеле муҳим аст. На ҳама метавонад дарҳол бемории худро қабул кунад. Ва вақте ки дастгирӣ нест, бисёриҳо руҳафтода мешаванд ва намехоҳанд табобат гиранд. Аммо онҳо бояд донанд, ки бо сирояти ВНМО муддати тӯлонӣ зиндагии комилан муқаррарӣ доштан мумкин аст», – хулоса кард Солиев.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...