Моҳи декабр обуҳавои Тоҷикистон чӣ хел мешавад?

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, моҳи декабр дар Тоҷикистон поинравии ҳарорат дар назар аст. Лекин миқдори боришот аз меъёр зиёд намешавад.

Дар Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ) аввали моҳи декабр боришот ва ҳавои камабр дар назар аст. Дар ноҳияҳои ҷудогона боришот (борону барф) баъзан пуршиддат мешавад. Рӯзона ҳарорат дар сатҳи аз +6 до +15 ва шабона аз 1 то 6  дараҷа гарм боқӣ мемонад. Шамол бештар аз ғарб бо суръати 4-9 м/с мевазад.

Дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ ҳарорат баъзан 1 дараҷа поинтар аз меъёри иқлимӣ пасттар шуда, 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар ҳамин ҳол, давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат рӯзона аз 1-6 дараҷа гарм то 2-7 дараҷа хунук, шабона аз 4-9 то 12-17 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад. Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ дар ҳудуди меъёр пешбинӣ гардида, баъзан босуръат шудани вазиши шамол аз ғарб то 13-18 м/с ва туман аз эҳтимол дур нест.

Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳо водии НТМ ҳарорат 4-5 дараҷа ва ноҳияҳои доманакӯҳ – 2-4 дараҷа гармро ташкил медиҳад. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ ҳарорат дар водиҳо рӯзона то 9-14 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳои ҷанубӣ то 12-17 дараҷа гарм, шабона +2+7, дар доманакӯҳҳо рӯзона то +3+8, шабона -3+2  дар назар дошта шудааст.

Миқдори боришот аз меъёр паст пешбинӣ шуда, шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо сурати то 17-22 м/с  дар назар аст ва дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои атмосферӣ дар ҳудуди меъёр, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водӣ 1+3 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 2-4 хунукро ташкил медиҳад. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ ҳарорат дар водиҳо рӯзона 1-6 гарм, шабона -4+1, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона то 0-5 дараҷа хунук, шабона 5-10 дараҷа хунук  дар назар дошта шудааст. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад.

Дар ноҳияҳои шарқи ВМКБ ҳарорат нисбатан хунуктар мешавад. Ҳарорат дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, 14-19 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Дар даҳрӯзаҳои аввал ва дуюми моҳ ҳарорати ҳаво шабона 15-20 дараҷа хунук ( дар мавзеи Булункӯл то 22-27 дараҷа хунук),  рӯзона 2-7 дараҷа хунук ( дар мавзеи Булункӯл то 6-11 дараҷа хунук) пешгӯӣ мешавад. Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...