Нақшаи даъвати ҳарбӣ иҷро шудааст, вале шикоятҳо аз даъвати иҷборӣ идома дорад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имрӯз, 1-уми декабр, Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар кишвар хабар дод. Ин ниҳод дар сомонаи расмиаш, ки хабари анҷоми маъракаи даъвати ҳарбиро нашр кардааст, ба таври мушаххас нагуфтааст, ки нақша дар шаҳру навоҳии кишвар чанд дарсад иҷро шудааст.

Онҳо танҳо ба таври умумӣ гуфтаанд, ки “Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, чаҳор навоҳии пойтахт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Хатлону Суғд аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд”.

Кӯшишҳои “Азия-Плюс” барои дарёфти иттилои муфассал оид ба иҷро нақша аз Вазорати дифои Тоҷикистон, аз ҷумла дар хусуси чанд дарсад иҷро гардидани нақшаи даъват дар сатҳи вилоятҳо беантиҷа анҷом ёфт.

Ин ниҳод ҳамчунин, гуфтааст, ки бо вуҷуди он ки нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро гардид, вале тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, бо мақсади гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва баҳри омода намудани шаҳрвандони синни даъватӣ, ҷавонони синни даъватӣ ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.

Вазорати мудофиа аз мақомот ва ҷавонону волидоне, ки дар ин давра фарзандонашонро ихтиёрӣ ба хизмат фиристодаанд изҳори миннатдорӣ кардааст.

Эълони иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар кишвар дар ҳолест, ки дар рӯзҳои охири маъракаи даъвати ҳарбӣ шикоят аз гусели иҷбории ҷавонон ба хизмат зиёд шудааст. Аз ҷумла, як рӯз пеш аз иҷрои нақша, аз чанд шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” шикоят карданд, ки мақомот волидайни даъватшавандагонро ба "гарав" гирифта, аз онҳо “талаб мекунанд, ки фарзандашонро, ки аксаран дар хориҷи кишвар қарор доранд, баргардонида, ба артиш фиристанд”. Мақомот ин иддаоро рад мекунанд.

Аз ҷумла, Радио Озодӣ, имрӯз, 1 –уми декабр хабар дод, ки дирӯз, 30-юми ноябр чанд сокини ноҳияҳои Ёвону Рашт аз ҷалби иҷбории фарзандонашон ба хизмати ҳарбӣ шикоят кардаанд ва гуфтаанд, ки мақомот барои ҷалби фарзандонашон ба артиш онҳоро зери фишору таҳдид қарор додаанд.

Ҳамасола, бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд. Имсол ин чиз тақрибан мушоҳида намешуд.

Мақомот ҳар сол аз афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд ва ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро иҷборан ҳозир кунад.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...