Ҳалли баҳси марзӣ ба манфиати кист? “Паём”-и сафари Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон

Asia-Plus

Ӯзбекистон ва Қирғизистон чанде пештар созишнома оид ба мушаххаскунии хати марзи ду кишварро ба тасвиб расониданд. Агар тасвиби ин созишнома дар Ӯзбекистон орому сокит ҷараён гирифта бошад, дар Қирғизистон гирдиҳамоиву ҳабсҳоро ба дунбол дошт. Ба ҳар сурат, ҳарду кишвар созишномаро ба тасвиб расониданд ва президентҳои кишварҳо низ онро имзо карданд.

Ҳамакнун, 9-уми декабри соли ҷорӣ, Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон сафар мекунад. Аз 10-уми декабр сафари давлатии роҳбари Ӯзбекистон дар Бишкек оғоз шуда, ба имзо расидани ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар назар аст. Гуфта мешавад, ки муҳимтарин ҳаводиси ин сафар табодули созишномаҳои ба тасвибрасида миёни ду кишвар дар масоили сарҳадӣ мебошад.

Дар робита ба имзои созишномаи мушаххаскунандаи сарҳади Ӯзбекистону Қирғизистон ва сафари Шавкат Мирзиёев ба Бишкек коршиноси тоҷик Шералӣ Ризоён дар телеграм-канали худ андешаҳояшро нигоштааст, ки “Азия-Плюс” бознашри онро зарур шуморид.

Ба мувофиқа расидани Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар мушаххаскунии хати сарҳади давлатӣ миёни ду кишвар – сабақҳои муайянро барои минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус барои Тоҷикистон меофарад. Ин таҷрибаро аз диди 4 рӯйкард арзёбӣ намудан мумкин аст:

Рӯйкарди ормонгароёна: Ӯзбекистон ва Қирғизистон мушкилтарин масоили байниҳамдигариро ҳаллу фасл намуданд ва дигар мавзӯъи хати сарҳад ба муҳтавои равобити онҳо таъсир намерасонад. Ин саҳифаи таърих шуд ва дар оянда муносибатҳо хеле беҳтар мешаванд.

Рӯйкарди воқеӣ: масъалаи марз миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистон мавзӯъи ҳассос буд ва роҳи ҳалли худро ёфт. Ду кишвар дар натиҷаи эътирофи манфиатҳои тарафайн ва омода будан барои гузашт ин масъаларо ҳал карданд. Новобаста аз ин, дар оянда боз масъалаҳо миёни ин кишварҳо пайдо мешаванд, чун барои ҳар давлат – манфиатҳои миллӣ асли равобит аст.

Рӯйкарди тавсеаталабона: ҳалли масъалаи марзӣ бо ҳамсояҳо барои Ӯзбекистон пеш аз ҳама муҳим буд, чун барои роҳандозии сиёсати фаъоли минтақавии ин кишвар заминаҳои мувофиқро ба вуҷуд оварда, дар миёнамуҳлат вобастагии муайяни Бишкекро аз Тошканд ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, аз диди тавонмандиҳои иқтисодию сиёсӣ бештар ба нафъи Ӯзбекистон аст. Дар умум, дидгоҳи мазкур шарҳу тавзеҳи зиёди касбиро дар ояндабинии равобити давлатҳои Осиёи Марказӣ байниҳамдигар (i) ва бо қудратҳои беруна (ii) талаб мекунад.

Рӯйкарди роҳбурдӣ: барои ду кишвар ҳалли масъалаи марзӣ ниҳоят муҳим аст, чун эҳтимоли таъсири хатарҳои мустақим (i), ғайримустақим (ii) ва тасодуфӣ (iii)-ро ба рӯзнома ва муҳтавои равобити байнидавлатӣ коҳиш медиҳад. Ин рӯйкард то ҷое авлавияти сиёсати минтақавии ду кишварро ба намоиш мегузорад. Пешбинӣ мешавад, ки ин ҳолат ба моҳияти муносибатҳои дуҷониба (i), ҳамкориҳо дар сатҳи Осиёи Марказӣ (ii) ва мавқеъгирии минтақа дар равобит бо қудратҳои беруна (iii) таъсир мерасонад.

P.S. Тафсири боло ниҳоят сода оварда шуда, арзёбии масъалаҳои ҳассос ва мубрами эҳтимолӣ сарфи назар шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...