“Афсонаи”-и Марокаш ва “ҷойгузин”-и Криштиану Роналду

Date:

Мухлисон аз тими Испания, футболбозони умедбахшу усули ҷолиби бозигузориҳояш интизории бештар доштанд ва дар бозӣ муқобили Марокаш бартариро ба ин даста медоданд, аммо мағрибиҳо тавонистанд қаҳрамонӣ нишон диҳанд ва қисми асосиву иловагии бозиро мусовӣ анҷом диҳанд. Дар қисмати зарбаҳои 11-метрӣ дарвозабони Марокаш ҳамаро дар ҳайрат гузошт ва ду пеналтиро гардонид. Марокаш ягона намояндаи Африқо аст, ки ба роҳи худ идома медиҳад ва дар марҳилаи ¼ ниҳоӣ бозӣ мекунад.

Португалияи бидуни Роналду бозиро оғоз намуд ва Гонсало Рамуш, ки ӯро дар ҳайати асосӣ иваз карда буд, гӯё мегуфт: “Роналдуи достон, акнун навбати ман аст ва истироҳат ҳақи ҳалоли туст”. Ин футболбози ҷавон ба дарвозаи Швейтсария се гол зад ва коре барои Криштиану нагузошт.

Марокаш 0:0 (пен. 3-0) Испания

Мунтахаби Испания дар бозии 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар бо тими Марокаш вориди рақобат шуд.

Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Мунтахабҳо дар вақти изофӣ муваффақ нашуданд, ки ба дарвозаи ҳамдигар гол зананд.

Аммо дар силсилаи пеналтӣ бозигарони тими Марокаш дақиқтар буданд – 3:0.

Нимҳимоятгари Испания Гави ҷавонтарин бозигари бозиҳои плей-офф дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар муддати 64 сол шуд. Футболбоз аз дақиқаҳои аввали бозӣ бо Марокаш дар синни 18 солу 123 рӯзагиаш ба майдон баромад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Нимҳимоятгар Серги Бускетс рекорди бозиҳо дар ҳайати тими миллии Испанияро дар Ҷоми Ҷаҳон такрор кард. Бозӣ бо Марокаш барои футболбоз дар чемпионати ҷаҳон 17-ум бозӣ буд. Дар таърихи Испания ҳамагӣ ду бозигар як рақам доранд – Икер Касиляс ва Серхио Рамос.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 тими Испания низ дар марҳилаи 1/8 финал аз тими Русия дар силсилаи пеналтӣ мағлуб шуда буд.

Мунтахаби Марокаш барои нахустин бор ба даври 1/4 ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол баромад.

Португалия 6:1 Швейтсария

Мунтахаби Португалия дар бозии даври 1/8 финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бо тими Швейтсария бозӣ кард.

Дар ин вохӯрӣ ҳамлагари 21-сола Гонсало Рамуш хет-трик кард. Ҳамчунин дар ин бозӣ Пепе, Рафа Геррейру ва Рафаэл Лиау гол заданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳоло Пепе куҳансолтарин бозигари таърих аст, ки дар бозиҳои плей-оффи Ҷоми ҷаҳон гол задааст. Ин ҳимоятгари португалӣ 39 солу 9 моҳ дорад.

Дар ҳайати Швейтсария голи ягонаро ҳимоятгар Мануэл Аканҷӣ зад.

Криштиану Роналду танҳо дар дақиқаи 73-юми вохӯрӣ ба майдон баромад. Ҳатто ба задани гол муяссар шуд, аммо ба далели дар ҳолати нобозӣ қарор доштанаш, гол лағв гардид.

Ба ин тартиб дар марҳилаи ¼ финал тими Португалия бо Марокаш бозӣ хоҳад кард. Ин бозӣ рӯзи 10 декабр баргузор хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...