Қазоқистон мехоҳад ба Душанбе хатсайри нави ҳавоӣ боз кунад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Қазоқистон мехоҳад аз Чимкент ба Душанбе хатсайри нави ҳавоӣ боз кунад, хабар медиҳад Kapital.kz бо истинод ба Вазорати индустрия ва рушди зерсохтор.

Гуфта мешавад, ифтитоҳи хатсайри нав дар мавсими баҳору тобистони соли оянда ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи аз ҷониби кадом ширкати Қазоқистон анҷом додани парвозҳо тариқи хатсайр хабар дода намешавад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар доданд, онҳо дар бораи ин нияти Қазоқистон огаҳӣ доранд, лекин то ҳол дар бораи ифтитоҳи хатсайр аз Чимкент дархости расмӣ нагирифтаанд.

Дар Агентӣ аз эҳтимол дур намедонанд, ки баъди муайян шудани ширкати ҳавопаймоӣ ва ҳалли дигар масоили омодагӣ дархост ба онҳо хоҳад расид.

Қобили зикр аст, ки айни замон ду ширкати ҳавопаймоӣ – "Сомон Эйр" ва Air Astana байни кишварҳо парвозҳо анҷом медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...