Хатари тармафароӣ боқӣ мемонад. Ҳушдори КҲФ оид ба вазъи роҳи Душанбе-Чаноқ

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Рӯзҳои 9-11-уми декабри соли ҷорӣ дар минтақаҳои пурбориши роҳи Душанбе-Чаноқ, аз километри 47 то километри 79-ум эҳтимоли фаромадани тарма боқӣ мемонад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар робита ба ин, ин ниҳод аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар чунин рӯзҳо аз ҳар гуна сафарҳои бидуни зарурат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ худдорӣ намуда, аз роҳандозии корҳои кишоварзӣ, чорвочаронӣ, омода кардани ҳезум дар манотиқи кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

“Барои таъмини бехатарии ронандагону мусофирони онҳо ва расонидани ёриҳои фаврӣ дар қитъаҳои роҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд постгоҳҳои муваққати сайёри Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ташкил карда шудааст”, – афзудааст манбаъ.

Кумита гуфтааст, ки роҳҳои дигари ҷумҳуриро кормандонаш якҷо бо кормандони сохторҳои дигар, аз ҷумла Вазоратҳои нақлиёт ва корҳои дохилӣ назорат мебаранд.

“Ҳамчунин, бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодаи бухориҳо ва дигар таҷҳизоти гармидиҳанда қоидаҳои бехатариро риоя намоянд”, – таъкид кардааст КҲФ.

Дар ҳамин ҳол, 8-уми декабр, дар роҳи Душанбе-Чаноқ ду садама рух додааст.

Дар километри 67 роҳи мазкур як мошини тамғаи «Volkswagen»  ба мошини «Mercedes-Benz Sprinter», ки канори роҳ қарор дошт, бархӯрдааст ва дар натиҷа мошини «Mercedes-Benz Sprinter» ба ҷарии 800 метр сарозер шудааст.

Дар пайи ин садама касе осеби ҷиддӣ набардоштааст.

Садамаи дуюм соати 11:08 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 57 рух додааст. Ду мошини тамғаи “Дулан”, ки яке аз Душанбе ба самти Хуҷанд ва дуюмӣ аз Хуҷанд ба Душанбе дар ҳоли ҳаракат будаанд, ба ҳам бархӯрданд.

Дар натиҷаи ин садама ронандагони ҳарду мошин маҷруҳ шуда, ба бемористони Варзоб интиқол дода шуданд.

Бар асари ин садама, рӯзи 8-уми декабр, роҳи мазкур муваққатан баста шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...