“Хуршеди тобон”. Дар Душанбе аз академик Хуршеда Отахонова ёд карданд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 9-уми декабр, 90-солагии Хуршеда Отахонова – академики Академияи илмҳои Тоҷикистон дар доираи олимону рӯшанфикрон дар Душанбе таҷлил карда шуд.

Дар ёдбуд Фарангис Шарифзода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, аз рӯзгор ва осори Хуршеда Отахонова ҳарф зада, нақши мавсуфро дар ин роҳ бисёр мондагор номид.

Академик Кароматулло Олимов дар ин баробар аз корҳои баанҷомрасонидаи ин олими намоён гуфта, мақоми ӯро дар пажӯҳиши забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва осори хаттӣ шоён номид.

Дар ин баробар, академик Муҳаммадюсуф Имомзода хотироти хешро аз рӯзгор ва шогирдиаш дар назди Хуршеда Отахонова ёд карда, шаҳомати ӯро дар назди ҳамкорону ҳамнаслонаш махсус қайд кард.

“Институти забон ва адабиёт ҳамеша шукӯҳу шаҳомат дошт ва дар солҳое, ки муаллима Хуршеда Отахонова дар ин даргоҳ қадам мезаданд, он боз афзун мешуд. Аз будани шахсиятҳое чун Хуршеда Отахонова тамоми сару танамонро ҳаяҷон фаро мегирифт”, – гуфт академик Имомзода.

Ӯ зиндагонии Хуршеда Отахоноваро бисёр пурбаракат гуфта, пешниҳод намуд, ки рӯзгор ва осори мавсуф бояд ҳарчи зудтар мавриди таҳқиқ қарор гирад.

Ҳамзамон, дар ин ёдбуд пешниҳод шуд, ки ба хотири гиромидошти номи Хуршеда Отахонова, дар Душанбе кӯчае ба номаш гузошта шавад. Гуфта шуд, ин дархост дар наздиктарин фурсат ба шаҳрдории пойтахт ироа мегардад.

Дар ин баробар, Маҳбуба Мӯсохоҷаева, хоҳари марҳум Хуршеда Отахонова, аз замони даргузашти ӯ ёд карда, зикр намуд, ки “наметавонам, он рӯзи шуми офтобии фасли тобистонро, ки бо бераҳмии худ шодии хонаводагиямонро тира сохту дилҳоямонро сард гардонид, фаромӯш кунам”.

“23-юми июни соли 2016, ки хуршеди хандони хонадон, як пораи ҷисму ҷони мо хоҳарон – Хуршедабонуи саршор аз меҳру маҳаббат ва хислатҳои неки инсонӣ охирин маротиба сари дастурхон нишастанд”, – ба ёд овард Маҳбуба Мӯсохоҷаева.

Бояд гуфт, Хуршеда Отахонова зодаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд буда, 2-юми сентябри соли 1932 ба дунё омадаааст. То синфи шашум дар мактаби миёнаи ба номи Горкии шаҳри Истаравшан таҳсил кардааст ва баъдан хонаводаи онҳо ба шаҳри Душанбе кӯчидаанд.

Гуфта мешавад, нахустин китоби тадқиқотии Хуршеда Отахонова «Абулқосим Фирдавсӣ» (соли 1960) унвон дорад. Баъдан, силсилаи китобҳои илмии Х. Отахонова бо номи «Раҳим Ҷалил ва эҷодиёти ӯ» (соли 1962), «Падидаҳои навҷӯӣ» (соли 1972), «Аз рӯйи меҳр» (соли 1972), «Таҳаввули жанри достон дар назми муосири тоҷик» (соли 1983), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти муосири тоҷик», «Чеҳраҳои шинохта» (соли 2004), «Ду адиби номвар» (соли 2002), «Тадқиқи матншиносии осори адибон» (соли 2010), «Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ» (соли 1978), Лоҳутӣ А. «Куллиёт» (соли 1987), Абулқосим Лоҳутӣ «Номаҳо» (соли 2004), Пайрав Сулаймонӣ «Куллиёт» (соли 2006), Лоҳутӣ А. «Куллиёт» (соли 2010), Деҳотӣ А. «Куллиёт» (соли 1965 ҷ. 1), Суҳайлӣ Ҷавҳаризода. «Девон» (соли 1968), «Ҳусни инсон» (1975, 1984, 2016) ва ғайраҳо ба чоп расиданд.

Ёдовар мешавем, ки мавсуф бо медалҳои «Барои меҳнати шоён” ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин, «Ветерани меҳнат», сарфароз гардидааст. Барандаи Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи академик М. С. Осимӣ (2012) мебошад. Соҳиби Ҷоизаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Олимаи соли 2006» мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...