Ҳабси ронанда ва пулчинаки маршрутка барои дағалгуфторӣ

Asia-Plus

Суд ронандаи микроавтобус (маршрутка) Раҳмоналӣ Мирзоев ва “кондуктор”-и он Зафархони Адолатшоро барои қабеҳгуфторӣ ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабс кард.

Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, як нафар шаҳрванд бо ирсоли навор аз мақомоти милитсия дархост намудааст, ки нисбати ронанда ва «кондуктор»-и воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Спринтер» (2440СЕ01) чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

“Дар аризаи ӯ зикр мешуд, ки ба болои қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардану  дар қатори дуюм таваққуф намудан, онҳо ба эроди муроҷиаткунанда бо суханҳои қабеҳу таҳқиромез посух гуфтаанд”, – омадааст дар хабари РВКД.

Дар ҷараёни роҳандозии тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи қонуншиканон муайян ва боздошт шуданд.

“Маълум шуд, ки рӯзи 15 декабр ронанда қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, дар қатори дуюм таваққуф намудааст, ки ба танбашавии автомашинаҳо боис гардидааст. Ба эроди дигар ронандагон онҳо дағалона посух додаанд. Нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (Майдаавбошӣ) протокол тартиб дода шуд”, – хабар медиҳад Раёсати ВКД-и пойтахт.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки нисбати ронанда Раҳмоналӣ Мирзоев инчунин тибқи моддаи 510 барои ғайриқонунӣ ба фаъолияти хизматрасонии мусофиркашонӣ машғул гардидан протокол тариб дода шудааст, ки дар ин модда ҷарима пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...