Сафорати Тоҷикистон марги Раҳима Каримоваро пайгирӣ дорад

Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия қазияи марги Раҳима Каримова, донишҷӯдухтари тоҷикро, ки дар Маскав худро ба зери чархи қатор партофт, зери назорат гирифтааст.

Дар ин бора ба “Asia-Plus” аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки ҳоло дар робита ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Сафорат аз қазияи мазкур дар ҷараён буда, вобаста ба он, дар ҳамкории зич бо мақомоти дахлдори Федератсияи Россия қарор дорад.  Парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст ва тафтишот идома дорад. Сафорат  қазияи мавриди назарро таҳти пайгирӣ қарор додааст”, – иброз намуданд аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Субҳи рӯзи 9-уми декабр Раҳима Каримоваи 21-cола, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи иктишофӣ-геологии Маскав худро ба зери чархи қатор партофтааст. Дар ин бора аввалин шуда Радиои Озодӣ иттилоъ дода буд.

Ин расона аз қавли наздикони Раҳима Каримова менависад, ки  чанд моҳи ахир бо номи ӯ дар Инстаграм саҳифае пайдо шуд, ки дар он як нафар аксҳои ӯро дасткорӣ, яъне ба танаҳои  урён часпонида, нашр менамуд ва Раҳимаро чун духтари бадахлоқ муаррифӣ мекард.

Ба нақли яке аз пайвандони Азиза нафаре, ки аксҳои Раҳимаро дар Инстаграм чоп мекард, ахиран навиштааст, ки видеоро интизор бошанд.

“Дигар ба фикрам ҷияни бечораам тоқати ин шантажҳоро карда натавонист”, – гуфтааст Азиза ном холаи Раҳима ба Радиои Озодӣ.

Пайвандони Раҳима Каримова гуфтаанд, ки “он ҷавонро медонанд ва ному насаби ӯро низ ба мақомоти Русия додаанд”.

Қабл аз сӯиқасд ба ҷони хеш, Раҳима Каримова мактубе навишта, аз наздикона узр пурсидааст, ки ба хотири ӯ азият мекашанд, аммо аз касе ном набурдааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин аввалин ҳодисаи бадномсозӣ ё шантаж тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ нест. Қаблан низ мақомоти кишвар аз ҳолатҳои боздошти ҷавононе хабар додаанд, ки аз роҳи бадномсозӣ мехостанд аз занону духтарон пул ситонанд ё қасос гиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...