Низоми нави боҷу андозбандии Британия ба Тоҷикистон чӣ медиҳад

Asia-Plus

Аз аввали соли 2023 Ҳукумати Британияи Кабир тарҳи нави савдо бо кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта (UK Developing Coountries Trading Scheme)-ро ҷорӣ мекунад, ки дар он маҷмӯи саховатмандонатарин афзалиятҳои тиҷоратӣ дар ҷаҳон пешниҳод мешавад.

Ҳадафи ин тарҳ ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ ва тиҷорат дар 65 кишвари рӯ ба тараққӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон аз аввали соли 2023 метавонад бо шартҳои имтиёзнок ба Бритониё аз 3 000 то 6 000 молу маҳсулот содир кунад. Зери мафҳуми «шартҳои имтиёзнок» комилан аз байн бурдани боҷи гумрукӣ ё истифодаи тарифҳои хеле камшуда дар назар дошта шудааст. Тақрибан 85%-и маҳсулоти содиротии Тоҷикистон, аз ҷумла сарулибосу маводи ғизоӣ таҳти ин имтиёзҳо қарор мегиранд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи ин нақша, Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ имтиёзҳои ба ҳамин монанд дарёфт карданд, дар ҳоле ки “гигантҳои содиротӣ” (кишварҳои бузурги содиркунандаи маҳсулот) – Ҳиндустон ва Индонезия ба хотири ҳифзи манофеи кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба ин тарҳ шомил нашудаанд.

Нақшаи тиҷорат барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ як марҳалаи муҳим дар рушди равобити Британия ва Тоҷикистон аст, ки савдои озод ва одилона байни кишварҳоро таъмин мекунад.

Нақша ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар гуногун кардан (диверсификатсия)-и самтҳои содиротӣ ва такон бахшидан ба рушди иқтисоди худ кӯмак карда, ба истеъмолкунандагони Британия ҷиҳати арзонтар шудани нархҳо ва интихоби васеътари маҳсулот фоидаовар мешавад.

Нақшаи тиҷоратии мазкур ӯҳдадориҳои Британияи Кабирро барои эҷоди муносибатҳои дарозмуддат ва мутақобилан судманд бо кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки беш аз 3,3 миллиард аҳолӣ доранд, таҷассум месозад.

Чанде қабл мушовирони тиҷоратии Вазорати корҳои хориҷӣ ва Рушди байналмилалии Британия Фабиан Ҳартвелл ва Карен Ҷонсон аз Тоҷикистон боздид намуда, нақшаи тиҷоратиро ба вазоратҳои дахлдор, доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва шарикони рушд муаррифӣ карданд.

Дар доираи сафари худ онҳо инчунин ба «Азия Плюс» мусоҳибаи муфассал дода, дар он доир ба тамоми нозукиҳои нақшаи нави тиҷорати Бритониё бо кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҳамаҷониба маълумот доданд:

Рӯйхати маҳсулотеро, ки таҳти нақшаи имтиёзҳои афзалиятнок қарор мегиранд, ҳамчун Excel-ҷадвал аз сомонаи ҳукумати Британия бо суроғаи: https://bit.ly/3uhdRqb боргирӣ (скачать) кардан мумкин аст. Ҷадвалро кушода, “Enhanced Framework tariffs”-ро интихоб кунед. Рӯйхати маҳсулоте пайдо мешавад, ки Тоҷикистон метавонад онҳоро худи ҳозир мувофиқи тарифҳои имтиёзнок содир намояд. Соли 2023 ба ин рӯйхат боз 156 мавқеи маҳсулоти дар он зикршуда илова мешаванд. Аз ин ҷо боргирӣ кардан имкон дорад: https://bit.ly/3FjI0eJ

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...