Шикоят аз “вируси номаълум”. Вазорати тандурустӣ гуфт, кай карантин эълон мекунад

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба зерсохторҳои худ дар шаҳру ноҳияҳо дастур додааст, ки бо шуъбаҳои маориф ҳамкорӣ намуда, вазъи гирифторӣ ба бемориҳои мавсимиро назорат намоянд. Дар ҳолати зиёд шудани бемории зукоми мавсимӣ байни хонандагони мактабҳо вазорат “карантин” эълон мекунад.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” бо тасдиқи ин нукта гуфт, “дар ҳолати тағйири омор, яъне зиёд шудани беморӣ миёни хонандагони мактаб, дар хусуси қатъи дарсҳо эълон медиҳем”.

Дар Вазорати маориф ва илм бошад, ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло барои қатъи дарсҳо дар мактабҳо тасмиме нагирифтаанд. Ҳеҷ шикояте ҳам дар хусуси иштирок накардани толибилмони зиёд дар дарсҳо ба ин ниҳод ворид нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Наврӯз Ҷаъфаров илова намуд, ки охири ҳафтаи равон нозирони Вазорати тандурустӣ омори бемории зуком дар муассисаҳои таълимиро пешниҳод мекунанд ва баъдан чораҳои зарарӣ андешида мешаванд.

"Агар омор тағйир наёфта бошад, дарсҳо бетағйир мемонанд, чун аз 1-уми январ хонандагон ба таътили зимистона мебароянд", – гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.

Пурсиши такрорӣ: коронавирус ё зуком?

Гуфтан ба маврид аст, ки чанд вақти охир сокинон аз паҳншавии беморие шикоят мекунанд, ки ба зуком монанд аст ва беморонро беҳол кардааст. Суол гузошта мешавад, ки шояд ин бемории колронавирус бошад?

Вазорати тандурустии кишвар ин даъворо рад карда, пайваста таъкид мекунад, ки “пас аз маҳви коронавирус” то ҳол дар кишвар ягон ҳолати сироятёбӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ин беморие, ки сокинон аз он шикоят мекунанд, зукоми масвимӣ аст.

Ноҳида Ҳамроалиева, пизишки дармонгоҳи Ибни Сино, низ дар сухбат ба Радиои Озодӣ гуфтаст, ки  “ҳар дафъае, ки шахс гирифтори зуком мешавад, таъсири ин вирусро эҳсос мекунад. Ӯ ҳамон мушкилоти нафаскашӣ дорад, ки бо COVID-19 шабоҳат аст. Илова бар ин, дарди гулӯ вуҷуд дорад. Дар баъзе мавридҳо одамон ҳисси бӯйро гум мекунанд. Ин бемории  нави коронавирус нест, аммо беморони зуком аломатҳои COVID-19 доранд”, – гуфтааст пизишк.

Тиқи иттилои манбаъ, дар Вазорати тандурустӣ инчунин гуфтаанд, ки “зиёда аз 60 дарсади намунаҳое, ки ба лабораторияи референсивӣ барои мавҷудияти бемориҳои шадиди роҳи нафас гирифта шудаанд, тасдиқ карданд, ки вирус ҳоло дар кишвар паҳн мешавад, на ягон сирояти дигар. Мо намунаҳоро ҳам барои COVID-19 ва ҳам зуком озмоиш кардем ва маълум шуд, ки он зуком аст”.

Дар Тоҷикистон расман беш аз 9 моҳ мешавад, ки бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аммо аввали моҳи декабри соли равон Вазорати тандурустии Тоҷикистон дастур дода буд, ки ба далели афзоиши бемории COVID-19 дар кишварҳои ҳамсоя назорат дар марзҳо ва фурудгоҳҳо пурзӯр карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустӣ қаблан аз сабти номи беморони H1N1-09 ё зукоми хук дар кишвар хабар дода буд. Аммо дар вазорат ба «Азия-Плюс» гуфта буданд, ки ин зукоми мавсимӣ буда боиси нигаронӣ нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...