Ҳар рӯз 440 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро мегиранд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Соли 2022 ба ҳисоби миёна дар як рӯз 440 нафар тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд: дар 9 моҳ 119 ҳазору 609 нафар шаҳрвандии ин кишварро гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки дар тамоми соли 2021-ум 103,6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон табаияти Русияро гирифта буданд.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Русия хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра 114 ҳазору 266 шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи иқомати Русияро, ки он як қадам то гирифтани шаҳрвандӣ ба шумор меравад, гирифтаанд. Ин маънои онро дорад, ки ба наздикӣ онҳо ҳам эҳтимол шаҳрванди Русия шаванд. Ин рақам дар тамоми соли гузашта 96,5 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистонро ташкил медод.

Ҳамчунин, дар 9 моҳи имсол 47 ҳазору 758 нафар иҷозаи иқомати муваққатии Русия ё РВП-ро қабул кардаанд. Дар соли гузашта 47 ҳазору 46 тоҷикистонӣ ҳуҷҷати РВП-ро гирифта буданд.

Дар сурати умум, дар 9 моҳи соли равон 542 ҳазору 525 хориҷӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Дар ин рӯйхат дар ҷои аввал Украина меистад, ки 260 ҳазору 519 украинӣ шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд. Ба эҳтимоли зиёд ин ба он рабт дорад, ки чанде пештар вилоятҳои мухтори Донетск, Херсон, Луганс ва Запароже дар пайи ҷанги Русия ва Украина ба Русия гузаштанд ва ба таври автоматӣ сокинони он шаҳрванди Русия шуданд.

Тоҷикистон баъди Арманистону Қазоқистон, ки беш аз 30 ҳазор сокинашон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, дар ҷои чаҳорум қарор дорад. Дар зинаи панҷум Ӯзбекистон, ки 19 ҳазору 332 сокинаш шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, қарор дорад ва дар ҷойи панҷум ва шашум Қирғизистон (16 ҳазору 404 нафар)  ва Малдова (11 ҳазору 449 нафар) қарор гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки сол аз сол дарёфти шаҳрвандии Русия аз сӯи сокинони Тоҷикистон зиёд мешавад. Аз ҷумла, соли 2021-ум 103,6 ҳазор, соли 2020-ум 63,3 ҳазор, соли 2019-ум 44,7 ҳазор, соли 2018-ум 35, 7 ҳазор, соли 2017-ум 29 ҳазор ва соли 2016-ум 23 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро қабул карда буданд.

Ҳамин тариқ, дар шаш моҳи соли 2022 ҷамъан 74 ҳазору 162 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт карда будаанд.

Ҳамасола ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои кору маоши муносиб ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Маблағе, ки онҳо ба Тоҷикистон мефиристанд барои чархонидани иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ мегардад.

Гуфтан ба маврид аст, ки новобаста ба ҷанг дар Украина, Русия то ҳол макони аслии муҳоҷирони тоҷик ба ҳисоб меравад ва ҳамин тавр, ба даст овардани шаҳрвандии ин кишвар низ яке аз ҳадафҳои бисёре аз муҳоҷиронест, ки мақсад доранд, барои муддати дароз дар ин кишвар кору зиндагӣ кунанд.

Тоҷикистон теъдоди умумии муҳоҷиронашро дар Русия 600 ҳазор мегӯяд ва Русия бошад онҳоро беш аз 1 млн шуморидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...