Омӯзгоре, ки номаш дар “Диссернет” баромад, аз унвони илмӣ маҳрум шуд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон унвони номзадии Зокирҷон Асроров, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бекор кардааст. Ин хабарро як манбаъ аз садорати донишгоҳ ба “Asia-Plus” тасдиқ кард.

Манбаъ афзуд, унвони илмии Зокирҷон Асроров бекор ва роҳбарияти донишгоҳ дар ин хусус огоҳонида шудаанд.

“Зокирҷон Асроров айни ҳол кушиш дорад кори илмии бекоршудаашро аз нав пажӯҳиш намуда, дигарбора унвони илмиро соҳиб шавад”, – гуфт як як манбаъи мо бо шарти ифшо нашудани номи хеш.

Гуфта мешавад, ки номбурда қаблан ба асардуздӣ муттаҳам шуда буд.

Дар ҳоли ҳозир назар ва вокуниши расмии Зокирҷон Асроров ба ин иттиҳоми пойгоҳи "Диссернет" маълум нест.

Ҳамчунин, айни замон дар сомонаи расмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон вобаста ба бекор кардани дараҷаи илмии Зокирҷон Асроров ҳеҷ маълумоте ҷой дода нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан, 10-уми ноябри соли равон, пойгоҳи “Диссернет” дар пайи таҳқиқоти хеш, тавсия дода буд, ки дараҷаҳои илмии Зокирҷон Асроров, устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар бекор карда шаванд.

Он замон ин пойгоҳ навишта буд, ки Зокирҷон Асроров 8-уми апрели соли 2011 рисолаи номзадии худро дар шӯрои дифоъи рисолаҳои назди Институти тадқиқоти илмии иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон зери роҳбарии Рустам Қудратов – вакили ҳозираи парлумони Тоҷикистон дифоъ кардааст.

Пойгоҳи "Диссернет" як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд месанҷад. Ин пойгоҳ дар 3-4 соли ахир бештар аз 60 олими тоҷикро ба асардуздӣ  ё рӯйбардори бинуи ишора ба манбаи аслӣ муттаҳам кард.

Масъалаи асардуздии мансабдорон дар яке аз мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо олимону зиёиёни тоҷик низ дар соли 2020 мавриди танқид қарор гирифт ва ӯ ҳатто гуфт, ки "ҳар касе кори илмӣ мехоҳад, ҷавоб медиҳем, рафта кори илмӣ кунад".

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “ин ба он маъно аст, ки баъзе унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд”.

Ёдовар мешавем, ки 27 августи соли 2021 амри раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон содир шуд, ки аз ин баъд ҳамаи мансабдорон ва хидматчиёни давлатии Тоҷикистон, танҳо баъди иҷозаи ӯ метавонанд, ба таҳқиқи илмӣ сару кор бигиранд ва олим шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...