Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ ба Вазорати тандурустӣ таҷҳизоти тиббӣ тақдим намуд

Asia-Plus

Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Пешгирӣ ва мубориза бар зидди сироят»-и Барномаи рушди тандурустӣ кишвар ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳҷизоти тиббӣ тақдим намуд.

Номгӯи тайҷҳизоти зарурӣ дар натиҷаи баҳисобгирӣ ва мувофиқаи бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия шудааст.

Таҷҳизоти тиббӣ ба шуъбаҳои бемориҳои сироятӣ, кӯдакона, таваллуд ва ҷарроҳӣ, инчунин кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ дар Исфара, Б. Ғафуров, Куҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Панҷ, Вахш, Бохтар, Шаҳритӯс, Варзоб, Шаҳринав, Роғун, Рӯдакӣ ва Турсунзода расонида мешавад. Таҷҳизоте, ки соли равон харидорӣ шудааст 14 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро хоҳад гирифт. Аз ҷумла:

750 муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ;

Шуъбаҳои ҷарроҳӣ, кӯдакон ва таваллуд дар 15 муассисаҳои ёрии сатҳи дуюми тиббӣ;

Инчунин, озмоишгоҳҳо дар муассисаҳои алоҳидаи 25 ноҳияҳо.

Дар маросими супоридани таҷҳизот Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Худоназар Очимамадов, роҳбари барномаҳои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Осама Маккавӣ, сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Намояндаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷҳизоти барои муассисаҳои тиббӣ пешбинишударо аз назар гузаронида, ба ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо изҳори сипос намуд ва аз чунин як саҳми саривақтӣ ва муҳим барои соҳаи тандурустии кишвар истиқбол кард.

Барномаи рушди тандурустӣ таҳти шиори “Саломатӣ бидуни истисно барои ҳама” дар давраи солҳои 2021 то 2025 амалӣ мешавад. Барномаи мазкур бо буҷаи умумии 52,2 миллион евро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ шуда, идомаи дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар тӯли зиёда аз се даҳсола бо мақсади татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 расонида мешавад. Дар соли аввали татбиқи он се агентии иҷрокунанда – Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар якҷоягӣ барои ноил шудан ба Фарогирии умумиҷаҳонии тандурустӣ (UHC) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии назаррасро расониданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...