Темур Раҳимов беҳтарин варзишгари соли Тоҷикистон эътироф шуд

Asia-Plus

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистонро дар соли 2022 муайян кард.

Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов, бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони се намуди олимпӣ – бокс, варзиши сабук ва ҷудо, инчунин бокси касбӣ дохил шуданд.

Дастовардҳои бузурги варзишии сол ба паҳлавони маъруфи 25-солаи тоҷик Темур Раҳимов марбут аст. Ӯ дар таърихи ҷудои тоҷик нахустин барандаи медали тиллои Grand Slam ва медали нуқраи Masters мебошад. Темур Раҳимов беҳтарин варзишгари сол эътироф гардид.

Рӯйхати даҳгонаи беҳтарин варзишгарони сол:

Темур РАҲИМОВ (ҷудо) барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни +100 кг дар шаҳри Остона (Қазоқистон), медали тиллои Baku Grand Slam 2022 дар шаҳри Боку (Озарбойҷон), медали нуқраи Jerusalem Masters 2022 дар шаҳри Йерусалим (Исроил), медалҳои биринҷии  Grand Slam 2022 дар шаҳрҳои Абузаби (Амороти Муттаҳидаи Араб), Телавив (Исроил) ва Анталия (Туркия), медали нуқраи чемпионати Аврупо дар шаҳри Гори (Гурҷистон) дар ҳайати дастаи “Red Star”-и Сербия.

Шодмон РИЗОЕВ (ҷудо) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни то 81 кг дар шаҳри Остона (Қазоқистон), медали биринҷии Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қуния (Туркия).

Баҳодур УСМОНОВ (бокс) –барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни то 63,5 кг дар шаҳри Уммон (Урдун), медали тиллои мусобиқаи байналмилалии «Gee Bee Boxing Tournament-2022» дар шаҳри Ҳелсинки (Финляндия).  

Муҳаммад АБРОРИДДИНОВ (бокс) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни +92 кг дар шаҳри Уммон (Урдун), медали нуқраи мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон).

Сомон МАҲМАДБЕКОВ (ҷудо) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни то 81 кг дар шаҳри Остона (Қазоқистон).

Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (ҷудо) – барандаи медали нуқраи  Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ дар вазни то 90 кг дар шаҳри Қуния  (Туркия) ва медали нуқраи Гран-при дар шаҳри Алмада (Португалия).

Эмомалӣ НУРАЛӢ (ҷудо) – барандаи медали тиллои чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни то 66 кг дар шаҳри Гуаякил (Эквадор).

Миҷгона САМАДОВА (бокс) барандаи медали тиллои Ҷоми ҷаҳонӣ дар вазни то 57 кг дар шаҳри Белоярск (Русия).

Илдар АҲМАДИЕВ (варзиши сабук)барандаи медали нуқраи  Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ дар ҷаҳиш ба дарозӣ дар шаҳри Қуния (Туркия), медали тилло дар ҷаҳиш ба дарозӣ ва медали нуқра дар давидан ба масофаи 200 метр дар чемпионати Осиёи Марказӣ дар шаҳри Самарқанд (Узбекистон), медали биринҷии мусобиқаи байналмилалӣ дар давидан ба масофаи 60 метр дар шаҳри Остона (Қазоқистон).

Шавкатҷон РАҲИМОВ (бокси касбӣ) – қаҳрамони ҷаҳон дар вазни дуюми нимсабук дар шаҳри Абузаби (Амороти Муттаҳидаи Араб), ҷойи аввал дар радабандии IBF (Федератсияи байналмилалии бокс).

«Вале, мутаассифона, варзишгарони тоҷик дар соли 2022 натавонистанд дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба намудҳои олимпӣ медал ба даст биёранд. Инчунин имсол ягон намояндаи Тоҷикистон дар намудҳои олимпии варзиш ба гирифтани медали тиллои чемпионати Осиё мушарраф нашуд», – иброз дошт Нарзулло Латифов.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...