“Фурсати донистан”: Баҳсҳои маъмурӣ ва пешниҳоди даъво ба суд чӣ гуна сурат мегирад?

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов бо Манижа Ахмедова мавзуи баҳси маъмуриро баррасӣ карданд.

Пешниҳоди даъво ба суд амали санади ҳуқуқии маъмуриеро, ки аз он шикоят шудааст, бозмедорад ё не?

Мувофиқи моддаи 131 Кодекси расмиёти маъмури, пешниҳоди даъво ба суд амали санади ҳуқуқии маъмуриеро,ки аз он шикоят шудааст, бозмедорад. Ҳамзамон дар қонунгузорӣ ҳолатҳое пешбинӣ шудаанд, ки ҳангоми мављуд будани онҳо амали санади маъмурӣ боздошта намешавад.

Амали санади ҳуқуқии маъмури боздошта намешавад, агар ин ба ворид намудани андозҳо, боxҳо ё дигар пардохтҳои ҳатми вобаста бошад, он дар вақти ҳолати фавқулодда ё ҳарбие, ки дар асоси қонуни дахлдор эълон шудааст, қабул шуда бошад.

Мурофиаи соддакардашудаи расмиёти маъмурӣ дар суд чигуна баргузор мегардад?

Судя ҳақ дорад, дар асоси дархости хаттии тарафҳо, дар мурофиаи суди даъворо дар ғайби тарафҳо барраси ва ҳал намояд. Мувофиқи талаботи моддаи 130 Кодекси расмиётми маъмури, судя метавонад бо дархости хаттии тараф дар бораи баррасии парванда бо тартиби суръатнок қарор қабул намояд.

Дар сурати баррасии парванда бо тартиби суръатнок судя ҳақ дорад, ки  мeҳлати аз xониби xавобгар пешниҳод кардани xавоби (изҳори назар) худ ё пешниҳод намудани даъвои xавобиро кeтоҳ намояд, ба шахсони сеюм барои пешниҳод кардани нуқтаи назари худ доир ба даъво мeҳлат муқаррар накунад, мeҳлати аз xониби тарафҳо пешниҳод кардани нуқтаи назари худ вобаста ба таъини экспертизаро муқаррар накунад, мeҳлати аз xониби тарафҳо пешниҳод кардани нуқтаи назари худ дар мавриди хулосаи экспетизаро кӯтоҳ кунад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...