Ҳамлавар ба рӯзноманигор ва филмсози тоҷик дастгир гардид

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт хабар дод, ки Бобоҷон Муҳтоҷиён, рӯзноманигор ва филмбардори тоҷикро беасос латукӯб кардааст. Ин ниҳод бо нашри як хабарнома гуфтааст, ки ҳодиса рӯзи 15-уми декабр, тақрибан соатҳои 19:40, дар кӯчаи Анзоб-даромадгоҳи Боғи Ғалаба рух додааст. “Гумонбаршаванда бе ягон асос Муҳтоҷов Б.-ро мавриди лату кӯб қарор […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт хабар дод, ки Бобоҷон Муҳтоҷиён, рӯзноманигор ва филмбардори тоҷикро беасос латукӯб кардааст.

Ин ниҳод бо нашри як хабарнома гуфтааст, ки ҳодиса рӯзи 15-уми декабр, тақрибан соатҳои 19:40, дар кӯчаи Анзоб-даромадгоҳи Боғи Ғалаба рух додааст.

“Гумонбаршаванда бе ягон асос Муҳтоҷов Б.-ро мавриди лату кӯб қарор додааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати ҷисмонии сабук бардоштааст”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз гумонбар ноболиғи 17-сола Р.В., сокини кӯчаи Анзоби ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ном бурдааст, ки дар содир намудани ҷинояти авбошӣ айбдор мешавад.

“Айни замон, ҳодисаи мазкур бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 237 (Авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Точикистон, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”, – гуфтааст ин ниҳод.

Субҳи дирӯз, Бобоҷон Муҳтоҷиён, рӯзноманигор ва филмсози тоҷик, ки ҳоло дар созмони байналмилалии “Табибони бидуни марз” кор мекунад, дар саҳифаи фейсбукаш хабар дода буд, ки дар наздикии коргоҳаш дар шаҳри Душанбе, мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт, вале бо гузашти беш аз як ҳафта омилони ҳамла дастгир ва муҷозот нашудаанд. Баъдан, бо сабабҳои номаълум ин навишта пок карда шуд.

Ӯ аз мақомоти интизомии пойтахт хостори таҳқиқи мӯшикофонаи қазияаш шуд ва гуфта буд, ки ӯро як савол азият медиҳад: Дар Душанбе-шаҳри ором ва бехатар, кӣ ва чаро ӯро зад?

Ҳоло, ки гунаҳкор дастгир ва нисбаташ парванда боз шудааст, ӯ дар суҳбат бо мо гуфт, нисбатан ором шудааст ва андак-андак ба ибораи “Душанбе – шаҳри ором” бовар ҳосил карда истодааст.

Ҳамчунин, Бобоҷон Муҳтоҷиён таъкид намуд, ки латукӯбаш ба фаъолияти касбиаш алоқаманд набуда, ин ҳолати авбошӣ мебошад.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин аввалин ҳодисаи латукӯби журналист дар Тоҷикистон нест. Қаблан низ журналистони тоҷик мавриди латукӯби ашхоси номаълум қарор гирифта буданд. Журналистони шинохтаи кишвар Раҷаби Мирзо, Хуршеди Атовулло, Муллораҷаб Юсуфӣ ва Далер Ширифов аз ҷумла онҳое ҳастанд, ки солҳои пеш мавриди латукӯб қарор гирифтаву то ҳол омилони ин ҳамлаҳо боздошт нашудаанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик низ ду маротиба мавриди латукӯб қарор гирифта буд, ки дар як ҳолат гунаҳкорон шиносоӣ гардида, дар ҳолати дуюм номаълум боқӣ монданд.

Охирин ҳолати латукӯби журналистон  моҳи майи соли равон иттифоқ афтода буд. Он замон рӯзноманигорони Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфӣ ва Анӯшервон Орипов мавриди ҳавлаи шахсони номаълум қарор гирифтанд, ки бо гузашти беш аз ним сол, то ҳол шахсияти онҳо маълум нашудааст.

Маъмулан, мақомоти масъули кишвар пас аз латукӯби журналистон ваъдаи боздошти гунаҳкоронро мекарданд, аммо бо гузашти муддате, касе барои латукӯби журналистон боздошт намешуд.

Бо фарқ аз ҳолатҳои қаблӣ, ин маротиба шахси ҳамлавар мушаххас ва худи ӯ боздошт гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.