“Фурсати донистан”: Баҳсҳои маъмурӣ ва пешниҳоди даъво ба суд чӣ гуна сурат мегирад?

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов бо Манижа Ахмедова мавзуи баҳси маъмуриро баррасӣ карданд. Пешниҳоди даъво ба суд амали санади ҳуқуқии маъмуриеро, ки аз он шикоят шудааст, бозмедорад ё не? […]

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов бо Манижа Ахмедова мавзуи баҳси маъмуриро баррасӣ карданд.

Пешниҳоди даъво ба суд амали санади ҳуқуқии маъмуриеро, ки аз он шикоят шудааст, бозмедорад ё не?

Мувофиқи моддаи 131 Кодекси расмиёти маъмури, пешниҳоди даъво ба суд амали санади ҳуқуқии маъмуриеро,ки аз он шикоят шудааст, бозмедорад. Ҳамзамон дар қонунгузорӣ ҳолатҳое пешбинӣ шудаанд, ки ҳангоми мављуд будани онҳо амали санади маъмурӣ боздошта намешавад.

Амали санади ҳуқуқии маъмури боздошта намешавад, агар ин ба ворид намудани андозҳо, боxҳо ё дигар пардохтҳои ҳатми вобаста бошад, он дар вақти ҳолати фавқулодда ё ҳарбие, ки дар асоси қонуни дахлдор эълон шудааст, қабул шуда бошад.

Мурофиаи соддакардашудаи расмиёти маъмурӣ дар суд чигуна баргузор мегардад?

Судя ҳақ дорад, дар асоси дархости хаттии тарафҳо, дар мурофиаи суди даъворо дар ғайби тарафҳо барраси ва ҳал намояд. Мувофиқи талаботи моддаи 130 Кодекси расмиётми маъмури, судя метавонад бо дархости хаттии тараф дар бораи баррасии парванда бо тартиби суръатнок қарор қабул намояд.

Дар сурати баррасии парванда бо тартиби суръатнок судя ҳақ дорад, ки  мeҳлати аз xониби xавобгар пешниҳод кардани xавоби (изҳори назар) худ ё пешниҳод намудани даъвои xавобиро кeтоҳ намояд, ба шахсони сеюм барои пешниҳод кардани нуқтаи назари худ доир ба даъво мeҳлат муқаррар накунад, мeҳлати аз xониби тарафҳо пешниҳод кардани нуқтаи назари худ вобаста ба таъини экспертизаро муқаррар накунад, мeҳлати аз xониби тарафҳо пешниҳод кардани нуқтаи назари худ дар мавриди хулосаи экспетизаро кӯтоҳ кунад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.