Ҳукумати Тоҷикистон соли оянда ба кадом минтақа ва ноҳияҳо аз лиҳози молиявӣ мусоидат мекунад?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ба маблағи ҳудуди 1,5 млрд сомонӣ (145 млн доллар) дар буҷети ҷумҳурӣ барои пардохти фонди музди меҳнат дар вилоят ва ноҳияҳои ҷудогонаи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Мусоидати молиявӣ аз буҷети ҷумҳурӣ ҳамасола ба буҷетҳои маҳаллии вилояти Хатлон ва ВМКБ, инчунин 9 ноҳияи тобеи марказ сурат мегирад.

Аз ҷумла бо ин мақсад ба буҷети вилояти Хатлон ҳудуди 838 млн сомонӣ, ВМКБ – 259 млн сомонӣ ва 9 ноҳияи тобеи марказ – 383 млн сомонӣ равона мегардад.

Маблағи мусоидати молиявӣ байни ноҳияҳои тобеи марказ тариқи зайл тақсим карда шудааст:

– Ноҳияи Варзоб – 18,9 млн сомонӣ;

– Ноҳияи Рашт – 63 млн сомонӣ;

– Ноҳияи Лахш – 44 млн сомонӣ;

– Ноҳияи Нуробод – 49 млн сомонӣ;

– Ноҳияи Рӯдакӣ – 64 млн сомонӣ;

– Ноҳияи Сангвор – 18 млн сомонӣ;

– Ноҳияи Тоҷикобод – 31 млн сомонӣ;

– Ноҳияи Файзобод – 55 млн сомонӣ;

– Ноҳияи Шаҳринав – 40 млн сомонӣ.

Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз кумаки молиявӣ (субсидия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) чӣ фарқ дорад?

Аксарият ин мафҳумҳоро омехта карда, намефаҳманд, ки байни онҳо чӣ фарқият вуҷуд дорад, зеро ҳамаи ин мафҳумҳо ба гирифтани кӯмаки молиявӣ аз давлат марбут аст.

Дар зер барои фаҳмо будани фарқияти байни онҳо ба доираи васеи одамон, талош мекунем, ки онро бо мисолҳо дар зиндагии рӯзмарра шарҳ бидиҳем.

Маблағ барои мусоидати молиявӣ (субвенсия) ба муҳлати муайян ва ҳадафҳои мушаххас ҷудо карда мешавад ва агар дар муҳлати муқарраршуда барои иҷрои мақсадҳои қаблан муайянгардида истифода нашавад, бояд баргардонида шавад. Масалан, шумо ба фарзандатон пул дода ба мағоза равон мекунед, то ки танҳо тибқи рӯйхат маҳсулот харад. Агар дар мағоза ягон маҳсулоти дар рӯйхат зикршуда набошад, бақияи пулро ӯ бояд ба шумо баргардонад.

Маблағи кумаки молиявӣ (субсидия) бар асоси маблағгузории ҳиссавӣ ба самтҳои ҳадафноки буҷетҳои маҳаллӣ ҷудо карда мешавад. Фаҳмотараш, агар фарзандатон аллакай як қисми пули зарурӣ  барои харидани телефони навро ҷамъ карда бошад, шумо маблағ "илова мекунед", то ки ӯ онро харад.

Кумаки молиявии беподош (дотатсия) бе баргардонидан ва бебозгашт бидуни муқаррар намудани самтҳо ва (ё) шартҳои истифодаи онҳо дода мешавад. Одитар, шумо ба фарзандатон “кисапулӣ” медиҳед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...