Ҳукумат кори иншооти иҷтимоиву иқтисодиро дар мавсими зимистон баррасӣ кард

Asia-Plus

Масоили Буҷети давлатӣ дар соли 2023, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини фаъолияти пурсамари иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ рӯзи 29 декабр дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар кори маҷлис нахуст масъалаҳои вобаста ба тадбирҳои иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023», ки вобаста ба он вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода гузориш дод.

Тавре таъкид гардид мақсад аз баррасии санади мазкур ин мушаххас намудани раванди иҷрои Буҷети давлатӣ, истифодаи босамару мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, инчунин муайян намудани уҳдадориҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият вобаста ба иҷрои муқаррароти қонуни мазкур мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумати мамлакат ва роҳбарони вазорату идораҳо ҷиҳати таъмини саривақтии иҷрои нақшаҳои буҷети давлатӣ дар соли 2023 дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Аз ҷумла супориш дода шуд, ки ҷиҳати дарёфи роҳу усулҳои нави иҷрои нақшаи андоз ва буҷетӣ давлатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ  ҷалби шаҳрвандон ба меҳнати фоиданоки дастӣ, аз қабили тиллошуйӣ дар қаламрави мамлакат  тадбирҳои бетаъхир андешида шавад.

Дар робита ба ин масъала таъкид гардид, ки дар як давраи кутоҳ бо супориши Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат  беш  аз 7000 нафар барои тиллошуйи иҷозатнома гирифта,  ба ин намуди меҳнати фоиданок ҷалб шудаанд.

Сипас аъзои ҳукумати мамлакат Нақшаи кори Ҳукумати Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023-ро, ки бар асоси нишондиҳандаҳои паёми президент ба парлумон таҳия шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Баъди муҳокима дар маҷлиси ҳукумат Лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунн «Дар бораи боҷи давлатӣ» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод карда шуд.

Дар маҷлиси ҳукумат ҳамчунин “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, “Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028”, “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026” ва дигар масъалаҳои рӯзномаи кори маҷлиси ҳукумати мамлакат баррасӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар масъулон барои таъмини саривақтӣ ва босифати нишондиҳандаҳои асосии паёми президент ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани соли 2022 ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар солҳои оянда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Доир ба таъмини фаъолияти самарабахши иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ мамлакат, махсусан иншооти роҳу нақлиёт, барқу алоқа ва муассисаҳои иҷтимоӣ дар фасли зимистон, таъминоти аҳолӣ ва иншооти таъиноти гуногун бо барқу гармӣ, пешгирӣ аз талафоти неруи барқ, сарфакорона истифода бурдани барқу гармӣ ва пардохти саривақтии маблағи онҳо, пешгирӣ кардани ҳолатҳои сӯхтор ва риояи қатъии талаботи қонунгузории мамлакат доир ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон дастуру супоришҳои дигар дода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...