Афзоиши аҳолии Тоҷикистон аз сатҳи ҷаҳонӣ қариб ду баробар зиёдтар аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Теъдоди умумии аҳолии Тоҷикистон тайи 30 соли ахир қариб 83% – аз 5 млн 360,9 ҳазор дар охири соли 1991 то 9 млн 886,8 ҳазор нафар дар аввали соли 2022 зиёд шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Барои муқоиса, шумори аҳолии ҷаҳон дар ин давра 47% – аз 5 млрд 414 млн нафар дар охири соли 1991 то 7 млрд 948 млн нафар дар аввали соли 2022 афзуд.

Афзоиши аҳолии Тоҷикистон дар давраи аз соли 1991 то аввали соли 2022 дар як сол ба ҳисоби миёна 2,7%-ро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки аҳолии сайёра дар ин давра ба ҳисоби миёна 1,5% зиёд шудааст.

Ба иттилои Агентии омор, дар ин давра шумори аҳолии шаҳри Душанбе ду баробар (аз 584 ҳазор то 1 млн 202 ҳазор), вилояти Хатлон – 94,3% (аз 1 млн 817 ҳазор то 3 млн 530 ҳазор), вилояти Суғд – 73% (аз 1 млн 634 ҳазор то 2 млн 824 ҳазор), Ноҳияҳои тобеи марказ – 81% (аз 1 млн 158 ҳазор то 2 млн 101 ҳазор), ВМКБ – 36% (аз 169 ҳазор то 230 ҳазор).

Дар ҳамин ҳол, аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми солҳои 2004-2008 аз 209,5 ҳазор то 203,1 ҳазор нафар кам шуда буд.

Қаблан нашрияи “Страна” бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ хабар дод, ки тайи 30 сол афзоиши бештари шумори аҳолӣ дар паҳнои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Тавре ки интизорӣ мерафт, дар чоргонаи пешсафон дар ин самт танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор гирифтанд: Ӯзбекистон (+63,4%), Туркманистон (+59,2%) ва Қирғизистон (+47,7%).

Дар Озарбойҷон (+40%) ва Қазоқистон (+14%), ки дар ин кишварҳо бештар мардуми осиёӣ зиндагӣ мекунанд, низ аҳолиашон зиёд шудааст.  

Сатҳи бештари таваллуд дар кишварҳои Назди Балтика сабт шудааст: Латвия дар давраи соҳибистиққлолӣ 28,3% ва Литва – 24,5%-и аҳолиашонро аз даст додаанд.

Дар ин давра аҳолии Гурҷистон 23,2%, Украина – 20%, Арманистон – 15,5%, Эстония – 14,7%, Молдова – 12%, Беларус – 7,8% ва Русия – 2,9% кам шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...