Русия аз созишномаи нафақа дар ИДМ хориҷ шуд. Акнун муҳоҷирони тоҷик нафақа гирифта метавонанд?

Asia-Plus

Аз 1 январи соли 2023 амали Созишнома дар бораи кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи таъминот бо нафақа қатъ шуд.

Дар Созишнома пешбинӣ гардида буд, ки нафақаро сарфи назар аз шаҳрвандии шахс, давлати иқомати доимии шахс таъин ва пардохт мекунад. Дар ҳамин ҳол, ҳамаи собиқаи корӣ ва музди меҳнате, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) то соли 1992 ба даст оварда шудааст, ба инобат гирифта мешаванд.

Акнун ин созишнома бекор карда шуда, кишварҳои узви ИДМ созишномаҳои дуҷонибаи худро оид ба ин масъала таҳия мекунанд.

Тоҷикистон ва Русия соли 2022 Шартномаи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақаро, ки 15 сентябри соли 2021 дар Душанбе пас аз баррасии 7-сола ва 7 марҳилаи гуфтушунидҳо ба имзо расида буд, тасдиқ карданд.

Дар бораи аз ҷониби Русия бекор шудани ин санад ва аз 1 январ қатъ шудани амали он, моҳи майи соли гузашта маълум шуда буд. Мо тасмим гирифтем, ки бори дигар дар бораи ба гирифтани нафақа ҳуқуқ доштани кадом муҳоҷирон, бояд ба куҷо муроҷиат намудан ва ҳаҷми он маълумот диҳем…

Муҳоҷирони тоҷик барои дарёфти нафақа дар Русия чӣ кор бояд кунанд?

Агар муҳоҷир танҳо маблағи патентро барои кор дар Русия пардохт кунад, ин маънои онро надорад, ки дар оянда ӯ метавонад дар онҷо нафақа бигирад.

Дар баробари патент, муҳоҷир бояд бо корфармо шартномаи меҳнатӣ тартиб диҳад, дар Фонди ҳифзи иҷтимоии Русия худро ба қайд гирад (суғуртаи иҷтимоӣ) ва ҳар моҳ мустақиман ва ё тавассути корфармо андози иҷтимоиро ба буҷети Русия пардохт кунад.

Ҳаҷми нафақаи муҳоҷирони тоҷик чанд аст?

Андозаи нафақа аз ҳаҷми пардохти андози иҷтимоӣ ва собиқаи корӣ бастагӣ дорад.

Яъне ҳар қадар собиқаи корӣ бештар бошаду ба буҷети ин кишвар андози иҷтимоии бештар пардохт кунанд, ҳаҷми нафақаашон зиёд мешавад.

Муҳоҷирон аз кай метавонанд, барои нафақа гирифтан худро ба қайд гиранд?

Парлумонҳои Тоҷикистон ва Русия созишномаро тасдиқ карданд ва ин маънои онро дорад, ки акнун муҳоҷирон метавонанд худро дар Фонди ҳифзи иҷтимоии Русия ба қайд гузоранд.

Шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, имкони дар ин ҷо нафақа гирифтанро доранд?

Шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд ва суғуртаи иҷтимоӣ кардаанд аз ҷониби Тоҷикистон ба онҳо нафақа пардохт мешавад.

Барои ин шаҳрванди Русия бояд дар Фонди ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон худро ба қайд гузорад ва андози иҷтимоиро пардохт кунад.

Шумораи нафақагирони тоҷик дар Русия ва таъиноти нафақаи онҳоро кадом ҷониб назорат мекунад?

Хароҷот ва шумораи нафақагиронро дар Русия давлати Тоҷикистон назорат мекунад.

Интизор меравад, ки дар оянда барои назорати шумора ва хароҷоти нафақаи муҳоҷирон дар Русия дар Тоҷикистон департамент ё раёсат таъсис дода шавад, ки шумораи нафақахурон дар Русияро тартиб медиҳад ва таъиноти нафақаи онҳоро назорат мекунад.

Агар шаҳрванд дар ҳарду кишвар таҷрибаи корӣ дошта бошад, вале собиқаи кориаш барои нафақа нарасад, собиқаи кории кишвари дигар зимни ба нафақа баромадан ба назар гирифта мешавад?

Бале, дар мавриди чӣ гуна пардохт шудани нафақа шаҳрванд озод аст. Вақте ба синну соли нафақа мерасад, метавонад, бо аризаи худ ба мақомоти дахлдори Русия ё Тоҷикистон муроҷиат кунад.

Мақомоти ҳарду кишвар собиқаи корӣ ва андозҳои пардохтнамудаи ӯро ба буҷети якдигар ба назар гирифта, ҳамчун собиқаи пурраи корӣ ҳисоб ва ба ӯ нафақа таъин мекунанд.

Шахсе ки аз Русия ба нафақа мебарояду дар Тоҷикистон низ собиқаи корӣ дорад, андозҳои иҷтимоие, ки ӯ дар Тоҷикистон пардохтааст, дар он кишвар чӣ гуна ба назар гирифта мешавад?

Шаҳрванд вақте ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия кор кардааст, тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки аз рӯйи собиқае, ки дар Русия дорад ва ба буҷет андози иҷтимоӣ пардохт кардааст, нафақаашро Русия таъин мекунад.

Аз рӯи он собиқаи корие, ки дар Тоҷикистон дорад, нафақаашро Тоҷикистон муайян мекунад. Ва ихтиёри шаҳрванд аст, ки дар кадом кишвар зиндагӣ мекунад.

Агар дар Русия зиндагӣ кунад, Тоҷикистон маблағи нафақаашро ба он кишвар мегузаронад, агар Тоҷикистон бошад, Русия нафақаро ба Тоҷикистон мегузаронад.

Агар муҳоҷир хоҳад, ки баъди нафақа баромадан дар кишвари сеюм зиндагӣ кунад, ба ӯ нафақа дода мешавад?

Агар пас аз ба нафақа баромадан корманд тасмим гирад, ки ба кишвари сеюм, яъне на дар Русия ва на дар Тоҷикистон зиндагӣ кунад, боз ҳам нафақа мегирад. Ҳисобҳо аз ҷониби кишваре, ки ӯ дар он расман кор кардааст ва нафақа додааст, ҳисоб карда мешавад.

Яъне, асоси нафақаи оянда ҳамин ҳаққи суғуртае мебошад, ки корфармо барои корманд медиҳад.

Дар сурате ки муҳоҷири корӣ дар Русия ғайрирасмӣ кор кунад ва дар қайди Фонди ҳифзи иҷтимоӣ набошаду андоз насупорад, оё дар Тоҷикистон нафақа мегирад?

Бале, нафақаи ӯро Тоҷикистон пардохт мекунад. Дар Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар кишвар расман кор накардаанд, ба миқдори 187 сомонӣ нафақаи иҷтимоӣ медиҳанд.

Дар Русия нафақа намегирад.

Синни нафақа дар Русия ва Тоҷикистон барои мардон ва занон чанд аст?

Дар Федератсияи Русия синни нафақа дар айни замон барои мардон аз 65 сол ва барои занон 60 сол аст. Дар Тоҷикистон синни нафақа барои мардон 63 ва барои занон 58 сол аст.

Ҳоло ҳадди ақали нафақа дар Русия чанд аст?

Ҳадди ақали нафақа дар Русия мувофиқи ҳадди ақали зиндагӣ барои нафақахӯрони Русия ҳисоб карда мешавад. Ҳар як минтақаи Федератсияи Русия музди меҳнати худро дорад.

Умуман, дар Русия ҳадди ақали нафақа каме бештар аз 10 ҳазор рубл аст.

***

Ҳадди ақали нафақа дар Тоҷикистон қариб 349 сомониро ташкил медиҳад. Дар минтақаҳо андозаи нафақаи миёна тариқи зайл аст:

– дар  Душанбе – 429, 15 сомонӣ;

– дар ВМКБ – 406,93 сомонӣ;,

– дар Хатлон – 313,19 сомонӣ;,

– дар Суғд – 303,21 сомонӣ;

– дар Ноҳияҳои тобеи марказ – 299,57 сомонӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...