Нархномаҳои хидматрасониҳои пулакии тиббӣ ва таълимӣ дар Тоҷикистон дар соли 2023 тағйир намеёбанд

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон нархномаҳо ба хидматрасониҳои пулакии тиббӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тиббӣ барои соли 2023 бояд дар сатҳи амалкунанда бетағйир нигоҳ дошта шаванд.

Тавре ки Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ба муассисаҳои тиббии навтаъсис ва хидматрасониҳои пулакие, ки нав ҷорӣ карда мешаванд, дахл надорад.

Ин қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо мақсади иҷрои дастури ҳукумати Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2022 қабул шудааст.

Мувофиқи фармоиши Хадамот, ба Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ва назорати фаъолияти рекламавӣ, Раёсатҳо ва Шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани фармоиши мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, назорати иҷрои онро таъмин намоянд.

Зикр мешавад, ки нархномаи хидматрасониҳои нақшавии пулакии тиббӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тиббии Тоҷикистон (муассисаҳои тиббии навтаъсис ва хидматрасониҳои пулакии нав) дар соли 2023 тибқи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар заминаи калкулятсия ва асосноккунии иқтисодии пешниҳодшуда таҳлил карда шуда, бо тартиби муқарраргардида ба мувофиқа расонида шаванд.

Ҳамчунин тибқи фармоиши дигари Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 22 декабр, нархномаҳои хидматрасонии пулакии таълимӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2023-2024 дар сатҳи амалкунанда (ба истиснои ихтисосҳое, ки нав ҷорӣ карда мешаванд) бетағйир ба мувофиқа расонида шаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...