Вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Беларус рафт

Asia-Plus

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо як сафари корӣ ба пойтахти Беларус – шаҳри Минск рафт.

Дар ин бора дар Твиттери худ сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии низомӣ – ёвари вазири дифои Беларус оид ба ҳамкориҳои байналмилалии ҳарбӣ Валерий Ревенко хабар дод.

Дар хабар ҷузъиёти дигари ин сафар гуфта нашудааст. Дар бораи барномаи сафар дар сомонаҳои вазоратҳои дифои ду кишвар низ хабар дода нашудааст.

Моҳи октябри соли гузашта президенти Беларус Александр Лукашенко бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон омада буд. Тавре ки худи ӯ гуфта буд, он замон ӯ бо қариб нисфи ҳайати ҳукумати ин кишвар ташриф оварда буд.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо байни кишварҳо ба маблағи 50 млн доллар қарордордҳо ба имзо расиданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...