Идомаи тағйироти кадрӣ. Холмурод Раҳмон аз вазифа озод шуд ва Зафарбек Давлатзода мансаби нав гирифт

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имрӯз, 5-уми январ, дар идомаи тағйироти кадрӣ бо судури чанд қарори ҳукумати кишвар Холмурод Раҳмон аз вазифаи директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон озод шуд ва ба ҷои ӯ Зафарбек Давлатзода, ки то ин дам раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд, директори оҷонсии мазкур таъйин гардид.

Дафтари матбуотии перзидент бо нашри чанд қарору фармонҳои дахлдорро сабаби барканории Холмурод Раҳмон гузаштан ба вазифаи дигар гуфта шудааст. То ҳол маълум нест, ки ӯ чӣ вазифа гирифтааст.

Ҳамчунин, Сироҷиддинзода Баҳриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Тоҷикистон озод ва раиси Оҷонсии содироти Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ аз ин мақом ба ҷои Шавкат Бобозода, ки моҳи сентябри соли гузашта аз сӯи мақомоти қудратӣ боздошт ва дертар бо фармони президент аз вазифа озод шуда буд.

Ҳамин тариқ, бо қарори дигари ҳукумат, Низом Мирзозода ба ҷои Маҳмадсаид Зувайдзода, ки чанд моҳ пеш даргузашта буд, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон таъин гардидааст.

Зувайдзода, ки пештар ҳамчун муовини якуми раиси шаҳри Душанбе низ кор кардааст, 18 –уми ноябри соли 2020 раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ таъин гардида буд.

Низом Мирзозода моҳи ноябри соли 2021-ум муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуда буд.

Ҳамчунин, Абдуғаффор Раҳмонзода ва Нурулло Маҳмадуллозода аз вазифаи муовини якум ва муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон озод гардидаанд.

Сабаби барканории онҳо гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, вале ҳоло маълум нест ки онҳо ба ҷӣ вазифае таъин гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз бо қарори ҳукумат ва фармону амрҳои президенти кишвар чанде аз мансабдорони сатҳи баланд аз вазифа озод ва чандеи дигар ба вазифаҳои нав таъин гардиданд. Аз ҷумла, Қурбон Ҳакимзода, ки чор соли охир раиси вилояти Хатлон буд, аз вазифа озод гардид. Ба ҷои ӯ, ҳамакнун собиқ муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид раиси вилоят таъйин гардид.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, ҳамакнун раиси собиқи Агентии омори Тоҷикистон вазири меҳнат таъин гардид. Ба ҷои Ҳасанзода Гулнора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, ки чанд сол пеш аз вазифа озод гардида буд, таъйин шудааст.

То ҳол маълум нест,  ки Ширин Амонзода ба чӣ мансабе таъйин шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...