Аз роҳбари филиали “Москонтрактпром”–и Маскав то раиси Агентии содирот. Баҳриддин Сироҷиддинзода кист?

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Баҳриддин Сироҷиддинзода, ки дирӯз, 5-уми январ, дар пайи тағйироти кадрӣ ба курсии раиси Агентии содироти Тоҷикистон нишаст, кист?

Ӯ дар доираҳои ҳукуматӣ як чеҳраи ошно аст, аммо дар миёни ҷомеаи Тоҷикистон чандон шахсияти шинохташуда нест. Ҳарчанд то ин вақт дар мансабҳои баланд ҳам кор кардааст.

Баҳриддин Сироҷиддинзода, ки то ин замон ба ҳайси муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон кор мекард, ба ҷои  Шавкат Бобозода ба курсии ин ниҳод нишаст.

Сироҷиддинзода дар ҳоле ба вазифаи раиси Агентии содирот таъин гардид, ки Шавкат Бобозода, роҳбари пешини ин ниҳод бо иттиҳоми қаллобӣ, моҳи сентябри соли гузашта, аввал боздошт ва баъдан бо фармони президент аз вазифа озод гардид. То ҳол таҳқиқи парвандаи Шавкат Бобозода ниҳоӣ нашуда, аз ҷониби Додситони кулли кишвар идома дорад.

Баҳриддин Сироҷиддинзода 52 сол дошта, зодаи шаҳри Қӯрғонтеппа ё Бохтари имрӯза аст. Ӯ аз соли 2020 то ин дам муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон буд ва қаблан ҳамчун муовини раис ҳам дар ин ниҳод кор кардааст.

Ҳудуди 5 сол- аз соли 2015 то 2020 дар мансаби директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Тоҷикистон, ниҳоде, ки пайваста аз сӯи расонаҳо ва ҷомеа барои шафофият надоштан танқид мешуд, кор кардааст.

Раиси нави Агентии содироти Тоҷикистон  13-уми январи соли 1971 ба дунё омада, соли 1993 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон  ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди президенти Русияро бо ихтисоси иқтисдочии байналмилалӣ хатм кардааст.

Ӯ корро солҳои 1993-1994 дар вазифаҳои гуногун дар Раёсати савдо дар ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ва шуъбаи фурӯши Раёсати савдои ин шаҳр оғоз кардааст.  

Соли 1994 директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолии «Хатлон»-и Вазорати кишоварзӣ таъин гардида, то соли 1997 дар ин вазифа кор кардааст.

Ӯ солҳои 1997-1999 директори генералии филиали Душанбегии КВД «Москонтрактпром»-и Маскав дар Душанбе буд.

Баъди ин, 7 сол – аз соли 1999 то 2006, директори генералии «Душанбеконтрактпром»-и шаҳри Душанбе буд.

Ҳамчунин, солҳои 2006-2007 директори генералии КВД «Бозор ва савдо»-и ҳукумати шаҳри Душанбе ва аз соли 2006- то соли 2015 директори Корхонаи воҳиди давлатии истеҳсолӣ-тиҷоратии «Душанбеагросервис»-и шаҳрдории Душанбе буд.

Агентии содироти Тоҷикистон ниҳоди навтаъсис аст ва он чанд сол пештар, баъди ишораи президент, дар робата ба афзоиши содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба кишварҳои дигар таъсис ёфта шуд. Ҳадафи он афзоиши маҳсулоти содиротӣ аз Тоҷикистон мебошад.

Шавкат Бобозода, ки ҳоло таҳқиқи парвандааш аз сӯи Додситони кулли кишвар давом дорад, аввалин роҳбари ин ниҳод буд ва акнун Баҳриддин Сироҷиддинзода дуввумин роҳбари ин ниҳод шуд. Акнун ӯро мебояд, ҳам барои барқарор кардани имиҷи Агентии содирот ва ҳам афзоиши содирот маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар кӯшиш кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...