Суғд: Табибони “Корвони саломатӣ” дар як рӯз 400 нафарро муоина карданд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар доираи чорабинии “Корвони саломатӣ” дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар давоми як рӯз 400 нафар сокинон бепул аз муоинаи тиббӣ гузаштанд.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, 10 нафар табибони амрози дарунӣ, амрози занона, дилшинос, духтурони чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, дилшиносон бо истифода аз таҷҳизоти нақлиёт 400 нафар сокинонро муоина намуданд.

“Табибони Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бо истифода аз нақлиёти сайёри тиббӣ ба сокинон хизмат расонида, ба шаҳрвандон тавсияҳо доданд”, – зикр мешавад дар хабар.

Қобили зикр аст, ки «Корвони саломатӣ» бо мақсади муоинаи саривақтӣ, пешниҳоди машварату тавсия ва табобати сокинон ба таври ройгон дар шаҳру ноҳияҳо гузаронида мешавад.

Лоиҳа бар асоси созишномаи грантӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд соли 2019 роҳандозӣ шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, арзиши умумии лоиҳа зиёда аз 2,06 млн долларро ташкил медиҳад, ки 2 млн доллараш маблағи Фонди авруосиёии суботу рушд ва 60 ҳазор доллараш – саҳми Тоҷикистон аз маблағҳои бахши тандурустӣ аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...