30 тарма дар як соат. Қатъи ҳаракат дар роҳи Душанбе – Чаноқ

Алимшоҳ Мирзода, "Asia-Plus"

Давоми як соат пас аз оғози бориши барфи шадид дар кишвар, аз километри 53 то 81 – уми роҳи Душанбе- Чаноқ қариб 30 тармаи хурду калон фаромадааст. Дар ин бора аз “IRS” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ҳоло кормандони ин ширкат якҷо бо намояндагони мақомоти дигари дахлдор барои тозакунии тармаи фаромада, талош карда истодаанд.

“Дар ҳамоҳангӣ бо БДА ВКД ҶТ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан манъ карда шуд”, – афзуд манбаъ.

Ширкати мазкур, ки нигоҳубинии ин роҳро бар ӯҳда дорад таъкид кардааст, ки бориши барф торафт шиддат гирифта, хавфи фаромадани тармаҳои нав мавҷуд аст.

Дар ҳамин ҳол, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар гуфтанд, ки роҳҳои дигари ҷумҳурӣ кушода буда, ҳаракати нақлиёт таъмин аст.

Масъулини шаркати “IRS” аз сокинони кишвар даъват намудаанд, ки то ба эътидол омадани вазъият аз сафар тавассути роҳи Душанбе – Чаноқ худдорӣ намоянд.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ гуфтанд, ки хатари тармафароӣ то 15-уми январ боқӣ мемонад.

Гуфтан лозим аст, ки тибқи пешгӯи мутахассисони ҳавошиносии кишвар, гурӯъ аз имрӯз, 10-уми январ дар кишвар сардшавии ҳаво мушоҳида мешавад ва чанд рӯз идома мекунад. Дар ин муддат, дар саросари кишвар бориши барфу боронҳои пуршиддат дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...