Алайҳи ду духтаре, ки дар Исфара як ҳамсоли худро латукӯб карда буданд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст

Asia-Plus

Мақомоти корҳои дохилаи шаҳри Исфара нисбати ду духтари ноболиғе, ки дар шаҳри Исфара як ҳамсоли худро латукӯб карда, ба об андохта буданд, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Қаблан гуфта мешуд, ки бар зидди волидайни се духтари ноболиғ, ду нафаре, ки як ноболиғи 14-соларо латукӯб карданд ва нафаре, ки рафти ҳодисаро ба навор гирифта, баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой кард, бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон) парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Моддаи мазкур огоҳӣ ё таъйин намудани ҷарима ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳоро (як нишондиҳанда барои соли 2022 64 сомонӣ) пешбинӣ менамояд.

Худи духтарони ноболиғ дар қайди шуъбаи кор бо ноболиғон гузошта шуданд.

Ҳамакнун, бо гузашти наздики як моҳ аз хабари латукӯб, мақомоти корҳои дохилаи шаҳри Исфара гуфтааст, ки алайҳи ду духтари ноболиғе, ки дар наворе ҳамсолашонро латтукӯб карда, ба дарё партофта буданд, парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Онҳо бо гумони авбошӣ ва ғоратгарӣ боздошт шудаанд.

Мақомоти милисаи шаҳри Исфара дар гузорише ахиран қазияро батафсил шарҳ дода гуфтаанд, духтарон бо ин роҳ барои саркашии ҳамсолашон аз иҷрои дастури онҳо, ӯро ҷазо додаанд. Сабаби дигари мавриди латту куб қарор додани духтари наврас, писаре будааст, ки гӯё бо гуноҳи ӯ кораш ба милиса афтодааст.

Назари духтарони боздоштшуда ва пайвандони онҳо ба қазия дастрас нест.

Радиои Озодӣ бо истинод ба Хурсмандмурод Фозилов, сардори Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар Исфара менависад, ки духтарони нооболиғ аз оилаҳои носолим буда, то боздошт ҳам дар қайди наврасони душвортарбия ва оворагард қарор доштаанд.

Ба гуфтаи ӯ, духтарони боздоштшуда ҷое таҳсил намекарданд. Духтари дигаре, ки ҷарраёни озору азияти духтари наврас аз сӯйи ду ҳамсолашро навор мегирифт низ боздошт шуда, ба авбошӣ ва ҷалби наврасон ба ҷиноят муттаҳам шудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 17-уми декабри соли 2022 дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабти видеоии лаҳзаи ҷанҷоли се духтари зоҳиран ноболиғ дар Исфара нашр шуд. Дар видео дида мешуд, ки ду духтар як духтари дигарро шаттазанон  ва аз мӯяш кашида, ба лаби об мебаранд. Дар роҳ, вақте ки мӯяшро мекашанд, духтари ҷабрдида нола мекунад ва чанд бор ба замин ҳам меафтад, вале боз зери мушту шатта қарор мегирад. Дар ниҳоят, он ду духтар ҷабрдидаро ба лаби дарё мебаранд ва бо вуҷуди ҳавои сард ӯро ба даруни об тела медиҳанд. Ин духтар бо овози тарсхӯрда ва гирёну нолон аз он ду нафар илтимос мекунад, ки ин корро бо ӯ накунанд, аммо онҳо ба кори худ идома медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...