Бар асари тармафароӣ роҳи Душанбе – Чаноқ баста шуд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Бар асари фаромадани тармаҳо ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ муваққатан қатъ гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS хабар доданд.

"Дар километри 69  ва 71-уми роҳи Душанбе  – Чаноқ тармаҳои калон фаромад. Барои бартараф намудани он техникаҳои филиали Ширкат сафарбар гардида, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан манъ карда шуд", – иттилоъ додааст IRS.

Дар ширкат зикр кардаанд, ки корҳои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ идома дорад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин шоҳроҳ фаромадани тармаҳои нисбатан хурд ҳам ба мушоҳида мерасад.

Дар IRS итминон медиҳанд, ки ояндаи наздик роҳ аз тармаҳо тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт дар роҳ барқарор мешавад.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш низ бар асари фаромадани тарма дар километри 80-ум роҳ муваққатан баста шуда буд.

Қаблан обуҳавошиносон огоҳ карда буданд, ки дар қаламрав кишвар обуҳавои номусоид дар назар буда, ҳарорат то 19-24 дараҷа хунук мешавад. Шаби 11-уми январ дар аксари ноҳияҳои кишвар боришоти шадиди барф ва дар роҳҳои кӯҳӣ фаромадани тармаву барфтӯда ва яхбандии роҳҳо пешгӯӣ шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...