“Ду соат бедарак шуд”. Як марди 37-сола барои қатли ҳамсараш 20 сол равонаи зиндон шуд

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Як сокини 37-солаи шаҳри Истаравшан барои қатли ҳамсараш дар ҳолати мастӣ 20 сол равонаи зиндон шудааст.

Аз Додгоҳи вилояти Суғд  ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки Баҳоваддин Нарзуллоев бо ҳукми додгоҳи мазкур аз 17-уми ноябр барои одамкушӣ (моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) ҳабс шуд.

Гуфта мешавад, ки сабаби қатли ҳамсар аз ҷониби шавҳар то ду соат бедарак шудани ӯ будааст.

“Ӯ моҳи августи соли 2022 бо ҳамсараш Уғулой Пӯлотова ба базори Маркази шаҳри Истаравшан рафта, барои харидории оби нӯшокӣ ба мағоза медарояд. Баъди буромадан дар ҷое, ки гуфта буд ҳамсараш бояд истад, нест. Дар  ғазаб шуда, машрубот менӯшад ва хона омада ҳамсарашро намеёбад”, – нақл кард рафти ҳодисаро манбаъи мо аз Додгоҳи вилояти Суғд.

Ба гуфтаи манбаъ, баъди он ки ҳамсараш ба хона меояд, ӯро пурсуҷӯ карда, то аз ҳуш рафтан латукӯб мекунад.

“Бо ин ҳам қаноат накарда, бо "термос"-и пури оби ҷӯш ронҳои занро месӯзонад ва баъдан буғӣ карда мекӯшад”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Ба таъкиди манбаъ, Баҳоваддин Нарзуллоев бо мақсади пинҳон кардани амалаш сару лисоби хунолуди ҳамсарашро иваз карда, як рӯз пас волидони марҳумро огоҳ кардааст, ки гӯё духтарашон бо марги худ фавтидааст.

Вале хулосаи экспертизаи судӣ маълум кардааст, ки ӯ аз латукӯб ва буғӣ фавтидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола даҳҳо ҷинояти куштор, аз ҷумла куштори зан аз ҷониби шавҳар ва дигар аъзои хонавода рух медиҳад. Аз ҷумла 28- уми ноябр дар ноҳияи Зафаробод Зокир Аъзамов ҳамсараш Фируза Аъзамова ва писарчаи 9 солаашро бо бераҳмии махсус кушта ҷасади онҳоро оташ зада буд.

Ҳамчунин, чанде пеш Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод, ки як сокини шаҳри Роғун барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш 19 солу 4 моҳ равонаи зиндон шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...