Китоби нави журналист, муҳаққиқ ва устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода бо номи “Шамъи хотира” (ёде аз бунёдгузорон ва устодони таҳсилоти журналистӣ дар Тоҷикистон) бахшида ба 30-солагии факулта аз чоп баромад.
Ин маҷмӯа, ки ба муносибати 30-солагии таъсиси факултаи журналистикаи ДМТ рӯи чоп омадааст, аз 10 нафар бунёдгузорон ва устодони таҳсилоти журналистӣ дар Тоҷикистон, ки аз олам даргузаштаанд, ёдовар шудааст.
Дар маҷмӯа хотироти Қироншоҳ Шарифзода дар бораи ректори вақти УДТ ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) Солеҳ Раҷабов, декани вақти факултети филологияи тоҷик Мукаррама Қосимова, масъули гурӯҳи рӯзноманигорӣ Воҳид Асрорӣ ва аввалин омӯзгори ин ихтисос Хоҷабек Зулфиқоров ҷамъ омадааст.
Дар ин баробар, муаллиф ангораҳои худро аз деканҳои вақти факултет Абдусаттор Нуралиев, Асадулло Саъдуллоев, Пайванд Гулмуродзода ва омӯзгорон Баҳриддин Камолиддинов, Давлатбек Давронов ва Дӯстмурод Бобоев дар ин китоб гирд овардааст.
Қироншоҳ Шарифзода гуфт, кору пайкори ин зумра, ки имрӯз бо мо нестанд, созандаву тарбиятбахш буда, дар замири садҳо шогирдону ҳаммаслакон завқи касб, умеди камолот ва такомули одамиятро эҳдо намудааст.
“Ин маҷмуа ҳосили ҳамон меҳру садоқат аст, ки аз диди як нафар мухлису муниси чунин нафарон ба тасвир омадааст”, – афзуд Шарифзода.
Ба гуфтаи ӯ, дар ташкили шуъбаи журналистика, такмили ин ихтисос ва таъсиси факултети алоҳида шахсиятҳои гуногун саҳм гирифта бошанд ҳам, дар раванди шаклгирии таълими рӯзноманигорӣ нақши омӯзгорон ва мудирони кафедраҳо низ кам нестанд.
Нигоранда дар бозтоби чеҳраи “қаҳрамонҳо”-и нигоштаҳояш ҳам аз ду сарчашмаи асосӣ – мушоҳидаҳои инфиродӣ ва манобеи хаттӣ кор гирифтааст. Ба ин мазмун, мундариҷаи маҷмӯа ба ду бахш ҷудо шудаааст, ки бахши аввал хусусияти бадеиву публитсистӣ ва бахши дуюм вижагии энсиклопедӣ касб намудааст.
Гуфта мешавад, ба муносибати сисолагии факултет, ёд кардан аз устодону ҳамкорони марҳум, амали нек асту зикри хайр, ки шамъи хотираҳоро фурузонтар намуда, дар такомули ахлоқу рафтори намуна ва масъулиятшиносии ҷавонон таъсири мусбат гузошта метавонад.
Бояд гуфт, ки дар охири моҳи декабри соли 2022 бахшида ба муносибати 30-солагии таъсиси факултаи журналистика хатмкунандагони ин боргоҳ ҷаридаи тозатабъро бо номи “Ворастагон” ба чоп расонида буданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан профессор Иброҳим Усмонов дар як сӯҳбат бо “Азия-Плюс” аз таърихи таъсиси аввалин шӯъба то ба вуҷуд омадани нахустин факултаи журналитика дар Тоҷикистон нақл карда буд.


