Арабистони Саудӣ маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирусро дар мавсими ҳаҷи соли 2023 бекор кард

Asia-Plus

Вазорати умури ҳаҷи Арабистони Саудӣ эълон кард, ки дар мавсими ҳаҷи соли 2023 ҳукумати шоҳигарӣ аз маҳдудиятҳои ҷоришуда вобаста ба COVID-19 даст мекашад. Дар ин бора дар Twitter-и Вазорат хабар дода мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин робита теъдоди зойирин ба нишондиҳандаҳои то замони пандемия баргардонида мешавад.

“Теъдоди хоҳишмандони адои маросими ҳаҷ ба нишондиҳандаҳои то пандемия баргардонида шуда, вобаста ба синнусол низ ҳеҷ гуна маҳдудият нест”, – хабар додааст вазири умури ҳаҷ ва умраи шоҳигарӣ Тавфиқ Ал-Рабия.

Ба гуфтаи вазир, акнун сохторҳои марбут ба ташкили ҳаҷ дар саросари ҷаҳон метавонанд бо ҳама гуна ширкати ваколатдор доир бораи хидматрасонӣ дар Арабистони Саудӣ қарордодҳо ба имзо расонанд.

“Дар ҳамдастӣ бо шарикон платформаи NUSK-ро роҳандозӣ кардем, то ки расмиёти воридшавии зойиринро осонтар кунем”, – илова кардааст вазир.

Соли 2022 квота барои Тоҷикистон зиёда аз 3,5 ҳазор нафар ва арзиши ҳаҷ барои 1 кас 61 ҳазор сомонӣ (5 ҳазору 350 доллар бо қурби ҳамонвақта)-ро ташкил дод.

Имсол маросими адои ҳаҷ охири моҳи июн оғоз мегардад.

Ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом ба шумор меравад ва ба ҳар мусалмони солим ва доро давоми умр як бор фарз аст.

Квотаи Тоҷикистон чӣ қадар аст?

Тавре ки ба “Азия-Плюс” котиби матбуоти Кумитаи дини Тоҷикистон Афшин Муқим хабар дод, як ҳайати ҷумҳурӣ айни замон дар Арабистони Саудӣ қарор дошта, дар ҷараёни сафар баррасии масъалаи квтаҳои имсола барои зойирини тоҷик низ дар назар аст.

“Миқдори квота ҳоло маълум нест. Лекин эҳтимол меравад, ки дар муқоиса бо соли гузашта ва бо сабаби бекор шудани маҳдудиятҳо, имсол шумори он зиёд шавад”, – иброз дошт ӯ.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки арзиши имсолаи адои маросими ҳаҷ пас аз дастрас шудани рӯйхати хоҳшмандон аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ маълум мешавад.

“Баъди муайян шудани квота, Кумита рӯйхат аз шаҳру навоҳиро ҷамъ оварда, сипас бо назардошти талаботи ҷониби Арабистони Саудӣ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ нарх муқаррар карда мешавад”, – гуфт намояндаи Кумитаи дин.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои хабаргузории “Фергана” бо истинод ба хадамоти матбуоти Раёсати дини мусулмонони Қирғизистон, ин кишвар аллакай квотаҳои худро гирифтааст.

Ҳукумати Арабистони Саудӣ имсол барои шаҳрвандони Қирғизистон шумори квотаҳоро барои адои маросими ҳаҷ то 6 ҳазор адад зиёд кард. Соли гузашта он 2 ҳазору 766 ададро ташкил дода буд.

Қаблан зикр гардида буд, ки квотаи адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Ӯзбекистон то 24 ҳазор адад дар як сол меафзояд (дар соли 2022 он ба 10 ҳазору 865 адад баробар буд).

Барои шаҳрвандони Русия квота то 25 ҳазор адад зиёд ва ба сатҳи то давраи пандемия баргардонида шуд.

Ҳукумати Арабистони Саудӣ тайи се соли ахир бар асари хуруҷ ва паҳншавии COVID-19, теъдоди зойиринро барои адои маросими ҳаҷ маҳдуд мекард.

Дар пасманзари пандемия мақомоти шоҳигарӣ дар солҳои 2020 ва 2021 барои адои маросими ҳаҷ теъдоди маҳдуди зойиринро роҳ дода, дар соли 2022 ба 1 млн нафар муяясар шуд, ки Хонаи Худоро зиёрат кунанд. Дар ҳамин ҳол, соли 2022 танҳо ба шахсони синни аз 18 то 65 солаи пурра ваксинагирифта ё масуниятдошта (иммунитетдошта) аз коронавирус, ки бемориҳои кӯҳна надоштанд, адои маросими ҳаҷ иҷоза шуд.  

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...