Аз қатъи интернет дар соли 2022 ба Тоҷикистон 2 млн доллар зарар расидааст

Asia-Plus

Дар рӯйхати 23 кишваре, ки аз қатъи Интернет бештар зарар дидаанд, Тоҷикистон дар зинаи 19-ум қарор дорад, хабар медиҳад Tpo10VPN.com.

Бино ба маълумоти портал, ба сурати умум, қатъкуниҳо дар Тоҷикистон 936 соат (39 шабонарӯз)-ро ташкил дода, аз ин кор ба зиёда аз 78 ҳазор нафар сокинони кишвар зарар расидааст.

Дар ин шохис (индекс)-и солона ҳамаи ҳолатҳои назарраси дидаву дониста қатъкунии дастрасӣ ба интернет дар соли 2022 мавриди таҳлил қарор гирифта, нишон дода мешавад, ки аз ин ба иқтисод чӣ қадар зарар расонида шудааст.

Байни кишварҳои минтақа аз ҳама бештар Қазоқистон зарар дида, дар сегонаи пешсафон аз лиҳози осеб ба иқтисод аз қатъкуниии дастрасӣ ба интернет қарор дорад. Маблағи зарари қатъкунии дастрасӣ ба шабака дар ин кишвар 410,3 млн долларро ташкил дода, ба 16 млн 106 ҳазору 250 нафар корбарон таъсир расонидааст ва дар маҷмӯъ 144 соат идома доштааст. Дар ҳамин ҳол, соли 2019 Қазоқистон бо 2,6 млн доллар зинаи 18-умро ишғол намуда, дар солҳои 2020 ва 2021 ба индекс ворид нашуда буд.

Ӯзбекистон бо зарари 219,7 млн доллар зинаи 5-ум ва Турманистон бо осеби 29 млн доллар – мақоми 10-умро касб кардаанд. Дигар давлатҳои пасошӯравӣ ба индеск шомил нашудаанд.

Дар зинаи аввали шохис Русия қарор дошта, зарари қатъкунии дастрасӣ ба интернет дар ин кишвар 21,59 млрд долларарзёбӣ мешавад. Дар зинаи дуюм бо 773 млн доллар зарар Эрон қарор гирифтааст.

Аз қатъкунии дастрасӣ ба интернет дар соли 2022 ба иқтисоди ҷаҳон дар маҷмӯъ 23,79 млрд доллар зарар расидааст, ки 323% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст.

Тибқи маълумоти Tpo10VPN.com, дар давоми сол дар 23 кишвар 114 ҳолати дидаву дониста қатъкунии назарраси дастрасӣ ба интернет сурат гирифтааст. Аз ҳама бештар қатъкунии дастрасӣ ба Twitter – дар муддати 21 650 соат ба амал омадааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо Instagram 56% ва нисбат ба Facebook – 64% зиёдтар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...