Фармони тағйироти кадрӣ имзо шуд. Кӣ аз куҷо озод ва ба куҷо таъин гардид?

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури чанд фармон  раисони бархе шаҳру навоҳии кишвар ва чанд мансабдори баландмақомро аз вазифа озод ва қисмеро ба вазифаҳои нав таъин кард. Шоми имрӯз, Хадамоти матбуотии президент фармони таъину барканории онҳоро нашр кард.

Кӣ барканор шуд?

Ҳамин тариқ, бо фармони президент, Абдуғаффор Ҳикматуллозода аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Тоҷикистон озод шудааст. Сабаби аз вазифа озод кардани ӯ гузаштан ба кори дигар гуфта мешавад.

Ҳамчунин, бо фармонҳои алоҳидаи президент, раисони се ноҳияи шаҳри Душанбе- Исмоили Сомонӣ, Фирдавӣ ва Сино аз вазифа озод шудаанд: Самӣ Шариф аз вазифаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Салимзода аз вазифаи раиси ноҳияи Сино ва Фатҳиддин Усмонзода аз вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.

Сабаби барканории Самӣ Шариф расидан ба синни нафақа ва дуи дигар гузаштан ба кори нав гуфта шудааст.

Ҳамин тариқ, Сиҷоуддин Саломзода аз вазифаи раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон,  Баротзода Файзулло аз вазифаи раиси ноҳияи Лахш, Бозоралӣ Одиназода аз вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бадриддин Садриддинзода аз вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён, Ҷамшед Саидзода аз вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва Азизулло Исматзода аз мансаби раиси ноҳияи Рӯдакӣ барканор шуданд.

Сабаби барканории ҳамаи инҳо гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст.

Ҳамин тариқ, бо қарорҳои ҳукумати кишвар, Тоҷиддин Ҷӯразода аз вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Камолиддин Муминзод аз вазифаи муовини раиси ин кумита озод гардиданд. Сабаби барканории онҳо низ гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода аз вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон  ва Шарифӣ Бахтиёр аз вазифаи муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз мансаб озод гардиданд.

Ҳамин тариқ, бо амри президенти кишвар, Нуралӣ Риозода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Мирзодавлат Сабурзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи президенти тоҷикистон озод шуданд.

Кӣ таъин шуд?

Бо фармонҳои дигари президент, Файзулло Баротзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар, Бахтиёр Шарифӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон, Холмурод Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Нурулло Мирзозода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, Тоҷиддин Саидзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сино, Умед Гуреззода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Руслан Қодирзода иҷрокунандаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Абдуғаффор Ҳикматуллозода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъин шудаанд.

Ҳамчунин, Нусратулло Салимзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Мирзодавлат Сабурзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён ва Каромиддин Холзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Лахш таъин шудаанд

Бо қарори дигар ҳукумат, Камолиддин Муминзод раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон таъин гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар хусуси тағйироти кадрӣ дар шаҳру навоҳии кишвар ва дигар сохторҳои давлатӣ, нимаи дуввуми рӯз “Азия-Плюс” бо такя ба манобеи худ, иттилоъ дода буд ва ҳамаи он тасдиқи худро ёфтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...