Рақибони Нурулло Алиев дар UFC ва Фаридун Одилов дар Лигаи АСА маълум шуданд

Asia-Plus

Фаридун Одилов, размикори тоҷик аввалин муборизаи худро дар доираи Лигаи АСА муқобили  варзишгари рус Элмар Гасанов баргузор мекунад. Нурулло Алиев, размикори дигари тоҷик бошад, дар мусобиқоти UFC, алайҳи Рафаэл Алвеси бразилӣ ба майдон мебарояд.

Фаридун Одилов, ки дар Лигаи АСА ҳунарнамоӣ мекунад, 27-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Қазони Русия бо варзишгари рус Элмар Гасанов вориди рақобат мешавад. Ин нахустин набарди Фаридун Одилов дар Лигаи АСА мебошад. Ӯ қаблан дар Лигаи EFС-и Ҳабиб Нурмугаммедов, қаҳрамони доғистонии  UFC иштирок мекард.

Размикори рус Элмар Гасанов, ки бо Фаридун Одилов муҳориба мекунад, то кунун 4 ғалаба ва як мусовӣ дорад.

Фаридун Одлов бошад то кунун 12 пирӯзӣ (аз он 10-тоашро пеш аз мӯҳлат ба даст овардааст), 2 мусовӣ ва 2 бохт дорад.

Ҳамин тавр, рақиб ва рӯзи баргузории муҳорибаи наввалини размикори дигари тоҷик Нурулло Алиев дар мусобиқоти UFC (Ultimate Fighting Championship) маълум шуд.

Ӯ, ки дар вазни сабук (то 70 кг) иштирок мекунад, рӯзи 25-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА бо Рафаэл Алвеси 32-солаи бразилӣ муҳориба хоҳад кард.

Рафаэл Алвес дар UFC рақобати чаҳруми худро баргузор мекунад. Вай дар муҳорибаҳои размии омехта ва UFC 20 қувваозмоӣ анҷом дода, дар 11-тоаш шикаст хӯрдааст.

Гуфтан лозим аст, ки Нурулло Алиев моҳи сентябри соли гузашта дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта, дар доираи мусобиқаи интихобии Dana White's Contender Series барои бастани шартнома бо UFC ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд. Қаблан размикори тоҷик дар мусобиқоти GFC и AMC Fight Nights иштирок мекард.

Ӯ аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар ҳамаи ҳафт қувваозмоиаш дастболо шуда, дутоашро бо нокаут анҷом додааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...