Вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон беш аз 3 баробар афзуд

Пайрав Чоршанбиев, asia-Plus

Дар соли 2022 ҳудуди 1 млн нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки 3,4 баробар зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи соли 2021 аст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти кишвар.

Қобили зикр аст, ки ду соли пешин бар асари маҳдудиятҳои глобалии марбут ба пандемияи COVID-19, теъдоди сайёҳони аз Тоҷикистон боздиднамуда 4,4 баробар – аз ҳудуди 1,3 млн нафар дар соли 2019 то ба 296 ҳазор нафар дар соли 2021 кам шуда буд.

Теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки соли гузашта ба Тоҷикистон бо ҳама гуна ҳадаф (сафари корӣ, истироҳат ва ғайра) омадаанд, ҳудуди 1,2 млн нафарро ташкил дод, ки 2,2 баробар зиёдтар нисбат ба соли 2021 мебошад.

Ҳудуди 97%-и хориҷиён аз ду кишвар – Ӯзбекистон (778 ҳазор нафар) ва Русия (280 ҳазор нафар) ба Тоҷикистон ворид шудаанд.

Ҳамчунин вуруди нисбатан бештари хориҷиён ба Тоҷикистон аз Қазоқистон (25 ҳазор нафар), Туркия (7,3 ҳазор), ИМА (6,9 ҳазор), Эрон (4,3 ҳазор), Чин (5,4 ҳазор), Қирғизистон (3,8 ҳазор), Ҳиндустон (3,4 ҳазор) ва Афғонистон (3,3 ҳазор нафар) ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли гузашта аз ҷумҳурӣ хориҷ шудаанд, зиёда аз 2,6 млн нафарро ташкил додааст, ки 2,1 баробар зиёдтар нисбат ба соли 2021 мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти кишвар, дар ҷумҳурӣ 235 ширкати сайёҳӣ фаъолият кардаанд.

Дар ҷумҳурӣ 183 меҳмонхона, аз ҷумла 6-то панҷситорадор, 20-то чорситорадор, 16-то сеситорадор, 3-то дуситорадор, инчунин 2 меҳмонхонаи дараҷаи аввал ва 136 меҳмонхона бедараҷа фаъолият доштанд.

Ҳамчунин дар кишвар 29 хостелу мотел (ҷойи хоб ва меҳмонхонаҳои хурд), 51 осоишгоҳ, 7 маркази фароғату солимгардонӣ, 5 хонаи истироҳат, 1 кемпинг ва 4 пойгоҳ (база)-и сайёҳӣ амал мекунанд.

Қобили зикр аст, ки мутахассисон сайёҳиро дар баробари соҳаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ва гидроэнергетика яке аз бахшҳое медонанд, ки дар оянда баҳри рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидати зиёд карда метавонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...