Рӯзноманигори тоҷик вуҷуди фасод дар нотариусҳои Тоҷикистонро собит кардааст

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Таҳқиқоти журналистие, ки давоми се моҳи охир гузаронида шудааст, маълум кардааст, ки нотариусҳои давлатӣ дар Тоҷикистон аз корафтодаҳо бештар аз миқдори муайяншудаи боҷи давлатӣ маблағ мегиранд ва он на дар бонк, балки бар хилофи қонун, дар дохили нотариусҳои давлатӣ ва ба дасти нотариусҳо дода мешавад.

Ёқуб Ҳалимов, рӯзноманигори татқиқгар, ки давоми се моҳи охир таҳқиқотро гузаронидааст, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, идеяи гузаронидани таҳқиқот аз шубҳа шурӯъ шуд ва вақте худи ӯ ба яке аз идораҳои нотариалии пойтахт корафтода гардид, ба рафтори кормандони он бо шубҳа нигоҳ кард.

“Вақте бар ивази гирифтани маблағ расид намедоданд ва намегуфтанд, ки барои чӣ як амалиёти нотариалӣ, ба фарзи мисол 200, 300 ё 1000 сомонӣ анҷом дода мешавад ва ё барои ин ҳисобот намедоданд, ман дар ин маврид шубҳа кардам ва рафтам ба суроғи қонун дар бораи фаъолияти нотариати давлатӣ. Дар қонун ба таври мушаххас гуфта шудааст, маблағҳое, ки шаҳрвандон барои анҷоми ин ё он амалиёти нотариалӣ мепардозанд, бояд дар бонк сурат гирад ва танҳо баъди пешниҳоди расид амалиёти нотариалӣ анҷом дода шавад. Вале вазъ умуман чизи дигар буд”, – нақл кард Ёқуб Ҳалимов.

Ин рӯзноманигори тоҷик собит кардааст, ки дар нотариусҳои Тоҷикистон чанд банди қонун поймол мешавад:

– Зиёдтар аз нишондоди боҷи давлатӣ ситонидани пул;

– Дар дохили худи нотариус гирифтани маблағ;

– Надодани расид;

– Нишон надодани маблағи пардохтшуда дар санад.

Зимнан, як пурсиши кутоҳи рӯзноманигори таҳқиқгар ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ собит кардааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ низ шаҳрвандон бо чунин таҷрибаҳо рӯ ба рӯ шудаанд.

Вале Вазорати адлияи Тоҷикистон ҷой доштани қонуншиканиҳои мазкурро расман рад ё тасдиқ накардааст ва танҳо дар посух ба суоли журналист навиштааст, “ҷиҳати роҳ надодан … ба қабули пардохтпулӣ … тариқи нақдӣ мунтазам чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст”.

Вазорат ҳамчунин хабар додааст, ки “аз 1-уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ … пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад”.

Таҳқиқоти журналистии мазкур бо номи “Таҳқиқ: Кисаи давлат ҷудо, ҷайби нотариусҳо ҷудо?” дирӯз, 18-уми январ, дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр шуд.

Таҳқиқоти журналистӣ, ки яке аз жанрҳои пуркор ва ҳассостарини журналистика ба ҳисоб меравад, дар Тоҷикистон ба таври назаррас рушд накардааст. Вале аҳён-аҳён нафароне пайдо мешаванд, ки дар ин жанр қувваозмоӣ мекунанд. Яке аз онҳо Ёқуб Ҳалимов аст, ки давоми чанд соли охир ба гузаронидани таҳқиқоти журналистӣ машғул аст.

Таҳқиқоти журналистии ӯ бо номи “Хонаҳои Бег”, ки баҳори соли 2019 нашр шуд, яке аз таҳқиқоти беҳтарини сол гардид, вале аз ҷониби мақомот ба он ҳеҷ вокунише нашуд.

Он дар бораи Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа буд, ки дар дохили утоқи давлатӣ ба соҳибкорӣ, яъне хариду фурӯши хона машғул буд. Дар ҳоле, ки қонунгузории Тоҷикистон машғул гардидани корманди давлатиро ба соҳибкорӣ манъ кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...