Соли 2022 Тоҷикистон савдои хориҷиро қариб 1 млрд доллар зиёд кард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Гардиши моли хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта зиёда аз 7,3 млрд долларро ташкил дод, ки 15% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Маблағи содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон беш аз 2,1 млрд доллар ва воридоти он ҳудуди 5,2 млрд долларро ташкил дода, ба ин тариқ, касри тавозуни савдо ба зиёда аз 3 млрд доллар баробар шуд. Дар муқоиса бо соли 2021 ҳаҷми содирот 0,4% ва воридот – қариб 23% кам шуд.

Қисмати бештари маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба ашёи хоми гуногун рост меояд. Аз ҷумла, содироти маҳсулоти минералӣ (семент, неруи барқ, консентрат ва ғайра) ҳудуди 41,8%, сангу фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо – 24,7%, фулузоти нимқиматбаҳо (алюминий) ва маснуот аз он – 14,9%, маводи нассоҷӣ ва маснуот аз он – 13% аз ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳанд.

Мавқеи асосиро дар воридот маҳсулоти минералӣ (маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт ва дигар маҳсулот) – 19,3% (аз ҳаҷми умумии воридот), мошин ва таҷҳизот – 11,9%, фулузоти арзон ва маснуот аз он – 9,8%, маҳсулоти саноати кимиё – 9,6%, маҳсулоти растанӣ – 9,3%, маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ – 8,9% ва ғайра ташкил медиҳанд.

Соли гузашта Тоҷикистон бо 110 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия (22,9% дар савдои хориҷии Тоҷикистон), Қазоқистон (19,7%) ва Чин (18%) боқӣ мондаанд. Маҳсулоти Тоҷикистон дар соли гузашта асосан дар бозорҳои Қазоқистон (22,6% аз ҳаҷми умумии содирот), Швейтсария (18,1%) ва Чин (17,2%) фурӯхта шудааст.

Молу маҳсулот ба Тоҷикистон асосан аз Русия (30,7% аз ҳаҷми умумии воридот), Қазоқистон (18,5%) ва Чин (16,3%) оварда шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...