ВКД Қазоқистон ба киҳо дахл доштани қонунҳои нави муҳоҷиратро шарҳ дод

Asia-Plus

Қоидаҳои нави муҳоҷират танҳо ба он шаҳрвандони хориҷие дахл хоҳанд дошт, ки пас аз 27 январ ба кишвар меоянд, изҳор доштааст ба РИА Новости сардори Раёсати муҳоҷирати берунаи кумитаи Хадамоти муҳоҷирати ВКД Қазоқистон Аскар Алдонгаров.

Аз ҷумла пас аз 27 январ ҳузур дар ҷумҳурӣ ба меҳмонон ба муҳлати 90 шабонарӯз дар давоми давраи 180-рӯза маҳдуд мешавад.

“Барномаи компютерӣ дар сарҳад ҳамаи инро ҳисоб мекунад. Касоне, ки аллакай дар ин ҷо қарор доранд, ин ба онҳо дахл надорад. Агар ӯ имрӯз рафтаву 27 январ баргашта бошад, муҳлати нав 90 рӯз ҳисоб мешавад. Қонун қувваи бозгашт надорад”, – иброз доштааст Алдонгаров.

Дар ҳамин ҳол, номбурда таъкид доштааст, ки тағйироти ба қонунгузорӣ воридшуда онро ба таҷрибаи байнулмилалӣ мутобиқ мекунанд.

“Дар ҳама кишварҳо, шумо метавонед танҳо 90 рӯз бимонед, сипас бояд ҳуҷҷатҳоятон – раводид (виза) ва ғайраро ба расмият дароред”, – шарҳ додааст намояндаи ВКД.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки қоидаи “90/180” нисбати касоне мавриди амал қарор мегирад, ки ба Қазоқистон бо раводид омадааст, зеро ҳузури қонунӣ барои онҳо ҳамроҳ бо муҳлати он ба охир мерасад. Ҳамчунин ин навгонӣ ба касоне, ки бар асоси Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) дар кишвар ҳузур доранд, дахл нахоҳад дошт.

Барои дорандагони ин ҳуҷҷат давраи будубош бо муҳлати амали он, ки дар навбати худ ба анҷоми қарордоди меҳнатӣ вобаста аст, муқаррар мешавад.

"Ин навоварӣ хеле пеш таҳия шуда, ба ҳамаи хориҷиёне, ки бидуни раводид ба кишвар меоянд, дахл дорад", – афзудааст Алдонгаров.

Дар Қазоқистон аз 27 январ қоидаҳои нав дар соҳаи муҳоҷират мавриди амал қарор мегиранд. Шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) на бештар аз 90 шабонарӯз дар муддати 180 рӯз ва хориҷиёни боқимонда – на бештар аз 30 рӯз, лекин ҳади ниҳоӣ 90 рӯз дар муддати ним сол ҳузур дошта метавонанд. Дар қоидаҳои пешина маҳдудиятҳои марбут ба давраи 180-рӯза вуҷуд надошт.

Ба ин тариқ, хориҷиён имкони чандин бор дароз кардани муҳлати будубошро аз даст медиҳанд. Онҳо ин корро тариқи ба муддати кӯтоҳ ба берун аз ҳудуди кишвар рафтан ва боз баргаштан анҷом медоданд.

Тибқи маълумоти Вазорати меҳнати Қазоқистон, аз оғози маъракаи қисман сафарбарӣ ба артиш дар Русия, 837 ҳазор шаҳрвандони ин кишвар ба Қазоқистон омада, сипас 780 ҳазор нафар онро тарк кардаанд. Моҳи декабри соли 2022 вазорат хабар дод, ки дар кишвар 289 ҳазор нафар русиягиҳо қарор доранд, ки 30 ҳазор нафарашон қонунӣ ба кор даромада, аз ин рӯ, қайди муваққатӣ доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...