Дар Душанбе духтари пулдузд аз ҳамёнҳои электронӣ боздошт шуд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Душанбе Носирова Сумаяи 19-сола ба гумони даст доштан дар дуздии пул аз ҳамёнҳои электронӣ боздошт шуд. Тавре ки Раёсати ВКД-и пойтахт хабар медиҳад, духтар пас аз арзу шикояти ду нафар ҷабрдида боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, духтар шакли нави тасарруфи маблағҳои шаҳрвандонро аз худ намуда, бо ҳар роҳу восита рамзи ҳамёни электронии шаҳрвандонро ба телефони мобилии худ пайваст намуда, маблағҳои шаҳрвандонро ба корти бонкии худ интиқол медодааст.

“Ӯ ҳангоми дар дохили маркази савдои «Садбарг» қарор доштанаш бо тариқи пинҳонӣ аз ҳамёни электронии як нафар савдогар маблағи 4 ҳазору 490 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, ба ин тариқ вай аз ҳамёни электронии як нафар корманди маркази савдои “Шоҳмансур” низ 7 ҳазору 190 сомониашро ба ҳамёни электронии худ гузаронида, ба ҷабрдида зарари калон расонидааст.

Баъд аз дастгир гардидан, аз номбурда як миқдор маблағҳои рабудашуда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.

“Духтар дар ҳеҷ куҷо кору таҳсил намекунад. Дар ҷараёни тафтишот маълум шуд, ки қаблан низ ӯ мутобиқи моддаи  248 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Ғоратгарӣ) ба сифати иштирокчии ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида шудааст”, – хабар доданд дар Раёсати ВКД-и пойтахт.

Зикр мегардад, ки айни замон гумонбаршаванда Сумая Носирова дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, бо мақсади муайян намудани даст доштани номбурда дар дигар ҳолатҳои ҷиноят тафтишот ҷараён дорад.

Мувофиқи ин модда ба ӯ дар ҳаҷми аз 500 то 1000 музди меҳнати ҳадди ақал ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол ё маҳрумият аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар банди “а”-и ин модда (дуздии такрорӣ) ҳаҷми ҷарима аз 1000 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 68 сомонӣ) зиёд шуда, муҳлати ҷазои зиндон аз 2 то 5 сол муқаррар шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...