Падари чоргоникҳо бори дигар аз Рустами Эмомалӣ дархости хона кард

Манзума Фирӯз, Asaia-Plus

Далер Файзуллоев, сокини пойтахт, ки ҳамсараш Сарвиноз Аскароваи 34-сола 15-уми декабри соли 2020 дар таваллудхонаи №3-и пойтахт чоргоник таваллуд карда буд, баъди ду сол, бори дигар аз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ хоҳиш кардааст, ки барояш хона диҳад.

Қаблан, 28-уми декабри соли 2020 Далер Файзуллоев ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва 29-уми декабри ҳамон сол ба ҳукумати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ муроҷиат карда, кӯмак хоста буд, аммо хоҳишҳои ӯ бе натиҷа боқӣ монданд.

Ҳамакнун, ӯ танҳо ба раиси шаҳри Душанбе умед бастааст ва аз ин лиҳоз, ба ӯ муроҷиат кардааст.

Дирӯз, 19-уми январ, Далер Файзуллоев дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки баъди муроҷиатҳои қаблиаш умед дошт, ки ҳукумат кӯмак мекунад ва ӯ бо панҷ фарзанди хурдсолаш (ғайр аз чоргиник ӯ як писари хурдсоли дигар дорад, ки 5,5 сола аст. -муаллиф) ба зудӣ ба хонаи нав мекӯчанд, аммо бо гузашти ду сол “ин кор танҳо орзуи ӯ боқӣ мемонад”.

“Баъди супоридани мактуб ба дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, гуфтанд, ки бо мо тамос мегиранд, вале то ҳол ҷавоби рад ё мусбат нагирифтам. Аз ин сабаб, тасмим гирифтам, ки бори дигар тавассути расонаи “Азия-Плюс” аз Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дархости хона кунам ва бовар дорам, ки раис ба оилаи ҷавони мо ғамхорӣ мекунанд”, – гуфт Далер Файзуллоев.

Ҳоло Фотимаю Зуҳро ва Ҳасану Ҳусейн дусола шудаанд ва бо бародари худ дар оила панҷ нафаранд.

Далер Файзуллоев мегӯяд, ки ба якборагӣ калон кардани панҷ фарзанди хурдсол ва он ҳам дар манзили иҷора, бисёр душвор аст.

“Эҳтиёҷоти чоргоник зиёд аст. Маоше, ки ман мегирам, ҳатто барои нигоҳубини онҳо намерасад. Баъзан пайвандон кумак мекунанд ва баъзан маҷбур мешавем қарз гирем. Барои хариди хона бошад, пасандоз карда наметавонам”, – мегӯяд Далер Файзуллоев.

Далер Файзуллоев ҳамчунин таъкид мекунад, ки дар хонаи падараш ҳам наметавонад бо панҷ фарзанд зиндагӣ кунад, чун дар он манзил низ ду оилаи бародаронаш бо фарзандонашон зиндагӣ доранд ва шароити ба воя расонидани чоргоник нест.

Бояд гуфт, ки қаблан низ ин оилаи ҷавон дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дигар ҷойе барои зист надоранд, ки то каме бузург шудани кӯдакон он ҷо бимонанд. 

Ёдовар мешавем, ки 15-уми декабри соли 2020 Сарвиноз Аскароваи 34-сола дар таваллудхонаи №3-и Душанбе бо роҳи ҷарроҳӣ чоргоник таваллуд кард.

Бояд гуфт, ки таваллуди чоргоник дар Тоҷикистон кам иттифоқ меафтад ва оилаҳое, ки соҳиби сегонику чоргоник мешаванд, одатан аз ҷониби давлат бо туҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...