Боздошти тоҷикистониён дар Эрон ба гумони даст доштан дар терроризм

Asia-Plus

Бино ба иттилои ВАО-и Эрон, гурӯҳе, ки ба он шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам шомил будаанд, мехостанд дар ҷануби шарқи кишвар амалҳои террористӣ содир кунанд.

Хадамоти махсуси Эрон дар бораи маҳви ду гурӯҳи алоқаманд ба созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ), ки ният доштаанд дар минтақаи ҷанубу шарқи кишвар амалҳои террористӣ содир намоянд, хабар доданд.

Тавре ки хабаргузории “Меҳр” иттилоъ медиҳад, байни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам будаанд.

“Бо анҷоми амалҳои террористӣ онҳо мақсад доштанд, ки вазъиятро дар минтақаи ҷанубу шарқи Сиистон ва Балуҷистон ноором созанд”, – зикр мешавад дар изҳороти Раёсати иктишофи вилоят.

Гуфта мешавад, “гурӯҳҳо аз намояндагони шабакаҳои минтақавӣ дар кишварҳои ғарб ва арабӣ, инчунин Исроил фармоишҳо гирифта”, шаҳрвандони кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон аъзои ин гурӯҳҳо будаанд.

Ба иттилои манбаъ, яке аз ҳадафҳо гаравгон гирифтани шаҳрвандон ва тоҷирони хориҷӣ дар Чобаҳор буд. Эътирофҳои аъзои ин гурӯҳҳо, ки шаҳрвандони Афғонистон ва Тоҷикистон низ ҳастанд, нишон медиҳад, ки онҳо нақшаҳои густурдаи ноором кардани вазъият дар ҷанубу шарқи кишварро доштаанд.

Дар бораи шумори шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон маълумоти саҳеҳ дода намешавад.

Ахиран Эрон бори дуюм аст, ки аз гумонбарии шаҳрвандони Тоҷикистон ба терроризм хабар медиҳад. Рӯзи 26-уми октябри соли 2022 ба ибодатгоҳи Шоҳчароғи шаҳри Шерози Эрон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ки ба навиштаи расонаҳои эронӣ 15 кушта ва 20 захмӣ дар пай дошт. 7-уми ноябр нашрияи "Ассошиэйтед Пресс" бо такя ба “ИРНА”, хабаргузории расмии Эрон навишт, “шахси ҳамлагар шаҳрванди Тоҷикистон аст”.

Ин расона аз шаҳрванди Тоҷикистон Комрони Субҳон ном бурда, зикр кард, ки ӯ “бар асари захмҳои бардоштааш ҳангоми боздошт, дар бемористоне даргузашт”. Баъдтар хабаргузории эронии “Тасним” акси Комрони Субҳон ва шиносномаи тоҷикии ӯро нашр кард. Масъулияти ҳамларо он замон ДОИШ* ба зимма гирифта буд.

Он замон мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки барои рӯшанӣ андохтан ба қазияи ширкати Комрони Субҳон дар ҳамла ба ибодатгоҳи Шоҳчароғи Шероз ба мақомоти расмии Эрон мактуб ирсол кардааст, аммо то ҳол посух нагирифтаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...