Дар Хуҷанд буғхонаи корхонаи истеҳсоли машруботро бастанд

Фарзона Муродӣ, махсус барои "Asia-Plus"

Пас аз шикояти сокини маҳаллаи 30-уми шаҳри Хуҷанд мақомоти ҳифзи муҳити зист фаъолияти буғхонаи корхонаи машруботи “Сайҳун”-ро боздошта, роҳбари онро ҷарима кардаанд.

Абдуаҳад Ҳакимзода, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, дирӯз, 24-уми январ, ба “Азия-Плюс” гуфт, “дар пайи шикояти сокинони маҳаллаи 30-юми шаҳри Хуҷанд оид ба ихроҷи зиёди моддаҳои ифлоскунанда ба ҳаво аз ҷониби корхонаи машруботи ҶДММ ЛВЗ “Сайҳун” мутахассисони соҳа ба ин корхона рафта, санҷиш гузарониданд ва маълум шуд, ки шикоятҳо асос доранд”.

Сокинон дар шикояти худ аз дуди ғализи ин корхона шикоят карда, аз мақомот хоста буданд, ки чораандешӣ карда шавад.

Абдуаҳад Ҳакимзода гуфт, санҷиши ҳавои атрофи корхона собит намуд, ки партови моддаҳои зарарнок аз меъёри муқарраргардида зиёд будааст.

Ҳамчунин, муайян гардидааст, ки муҳлати амали иҷозатномаи корхона барои ихроҷи партови моддаҳои зараровар ба ҳаво низ гузаштааст.

Бо назардошти меъёри зиёди партови моддаҳои зараррасон ва гузаштани муҳлати амали иҷозатнома барои ихроҷи партов бо қарори сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд фаъолияти дегхонаи ҶДММ “Корхонаи машруботбарории Сайҳун” муваққатан боз дошта шудааст.

Ҳамчунин, барои бе иҷозат ва аз меъёр зиёд партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳаво ҶДММ ЛВЗ “Сайҳун” 1670 сомонӣ ҷарима гардидааст.

Фирӯз Қодиров, як масъули корхонаи “Сайҳун” имрӯз, 25-уми январ, дар сӯҳбат бо мо муваққатан бастани корхонаи истеҳсоли машруботро таъйид кард. Ӯ гуфт, ки “умед доранд пас аз бартараф кардани камбудиҳо коргоҳ фаъолияташро аз сари нав ба роҳ мемонад”.

Ёдовар мешавем, ки шикояти сокинон аз дуди корхонаи “Сайҳун” моҳи ноябри соли 2022 дар сомонаҳои  иҷтимоӣ паҳн шуда буд.  Онҳо аз мақомоти дахлдори шаҳр талаб мекарданд, ки  ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи “Сайҳун” мусоидат намоянд.  Зеро корхона ҳамагӣ 10-15 метр дуртар аз хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир буда, дуди он боиси нороҳатии сокинон шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...