Майк Помпео: Ашраф Ғанӣ тақаллубкори айёр буд

Таҳияи Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Майк Поммео, вазири умури хориҷаи пешини Амрико дар китоби нави худ навиштааст, ки “бо раҳбарони зиёде дидор карда ва миёни онҳо Ашраф Ғанӣ бадтарин будааст”.

Ӯ дар китоби “Ҳаргиз кӯтоҳ наё”-и худ навиштааст, “Ғанӣ тақаллубкори айёр буд, ки барои расидан ба қудрат, ҷони сарбозони Амрикоро бар ҳадар дод. Ҳаргиз омода набуд барои кишвараш азхудгузарӣ кунад ва хатарро пазирд”.

Помпео, ки дар замони маъмурияташ ба унвони вазири хориҷаи Амрико, паймони сулҳи ИМА ва Толибон* имзо шуд, бахшҳое аз ин китобро ба Афғонистон ихтисос дода, навиштааст, вақте музокироти сулҳ шиддат гирифт, Ғанӣ як мушкил дар роҳи музокирот буд.

“Ашраф Ғанӣ, дар миёни раҳбарони Афғонистон фоқиди эътибор ва маҳбубият буд ва ҳаргиз як раҳбари муносиб барои он кишвари ҷангзада ва чанд порча набуд”, – менависад Помпео.

Ӯ яке аз иштибоҳҳои Амрико дар Афғонистонро кӯшиши бунёди артише ба сабки артиши Амрико гуфтааст.

“Амрико неруҳои амниятии Афғонистонро бо истифода аз таҷҳизоти пешрафта, аз ҷумла истифода аз ҳамалоти ҳавоӣ, омӯзиш дод, дар ҳоле, ки онҳо бояд барои ҷангҳои чирикӣ ва набард дар дар кӯҳҳо омӯзиш медиданд”, – навиштааст ин мансабдори амрикоӣ.

Ба андешаи Помпео нерӯҳои амниятии Афғонистон хуб меҷангиданд, аммо аз ҳимояти роҳбарияти Афғонистон бархӯрдор набуданд, зеро ҳукуматро фасод иҳота карда буд.

“Ҳар бор, ки бо раҳбарони сиёсӣ ва ҳатто намояндагони Толибон дидор мекардам, аз Ғанӣ шикоят доштанд. Ғанӣ бештари умри худро дар Амрико, созмонҳои лобигарии Вашингтон ва ҳалқаҳои сиёсӣ ва академикии Амрико гузаронда буд ва раҳбари муносиб барои Афғонистон набуд”, – гуфтааст Помпео.

Номбурда пеш аз ин дар мусоҳибае гуфта буд, ки Ашраф Ғанӣ бо раванди сулҳ мухолиф буд ва дар интихобот бештар аз рақиби худ тақаллуб кард.

Майк Помпео дар китобаш менависад, Амрико дар соли 2017 ба ин натиҷа расид, ки Афғонистон дигар таъминкунандаи манофеъи Кохи Сафед нест. Чун ба гуфтаи ӯ, Амрико ба аҳдофе, ки мехост расида буд.

Қобил зикр аст, ки “Тавофуқномаи Давҳа” миёни Амрико ва Толибон дар замони вазирии Майк Помпео тавассути Залмай Халилзод имзо шуд.

Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории Афғонистон дар нимаи августи соли 2021 аз Кобул фирор кард ва Афғонистон ба дасти Толибон суқут кард.

Солеҳ: Китоб Помпео пур аз дурӯғ аст

Амруллоҳ Солеҳ, муовини раисҷумҳури фирории Афғонистон ба навиштаҳои Помпео вокуниш карда, гуфтааст, он “абардурӯғ” аст.

“Ашраф Ғанӣ борҳо гуфт, ки ҳозир аст интихоботи зудҳангом мутобиқ ба замонбандии СММ баргузор шавад ва дар интиқоли қудрат арзишҳо ҳиросат гардад. Аммо Толибон интихоботро ба масобаи нобудии худ талаққӣ мекарданд ва мекунанд”, – навиштааст Солеҳ.

Ба гуфтаи Солеҳ “барои Амрико арзишҳо беарзиш шуда буд ва онҳо шитоб доштанд, ки дар таомули пинҳонӣ бо Покистон ва ошкор бо Толибон рӯйи ҳама шиорҳо ва арзишҳо по бигузоранд ва барои ҷангҳои бузург ва оянда омода шаванд. Фурӯгузории Афғонистон ба коми Раволпандӣ ва Толиб фактори нав дар сиёсаташон буд”.

Ӯ ҳамчунин гуфта, ки пас аз соли 2021 ҳеҷ навъ робита бо Ғанӣ надорад, аммо ошкорсозии дурӯғ ва дасисаҳои ғарбиҳо ва ба хусус амрикоиҳо дар қиболи мардуми Афғонистон маънои дифоъ аз кадом шахс нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...