11 соли маҳрумият аз озодӣ барои куштори ноболиғ

Date:

Як сокини ноболиғи пойтахт барои куштори ноболиғи дигар айбдор ва ба 11 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои тарбиявии низомаш умумӣ, аз озодӣ маҳрум шудааст. Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи сомонаи ин ниҳод, 17-уми майи соли 2022 дар маркази дилхушии “Беҳин”, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, байни ноболиғ Ҳ.Ҳ. ва 10 нафар хонандагони синфи 8-и мактаби №15-и ин ноҳия муноқишаи лафзӣ cap задааст. Ба муноқиша ҳамчунин 5 нафар ноболиғи дигар, ки тавассути яке аз иштирокчиёни муноқиша даъват шуда буданд, ҳамроҳ шудаанд.

Ин ниҳод менависад, ки миёни ин гуруҳ ҷангу занозанӣ сурат мегирад ва дар ҷараёни он Ҳ.Ҳ. бо истифода аз корди сайёҳӣ ба қафаси синаи К.А. мезанад. Дар натиҷа К.А ҳангоми интиқол ба Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ бинбар сабаби ҷароҳатҳои вазнин бардоштан, ба ҳалокат расидааст.

Дар пайи ин ҳодиса, Ҳ.Ҳ. бо ҳукми Суди Олӣ гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ниҳоии 11 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои тарбиявии низомаш умумӣ таъин карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...