Дар Панҷакент Барномаи рушди ҳунармандӣ барои солҳои 2023-2025 қабул шуд

Умеда Давлатова, Asia-Plus

Дар шаҳри Панҷакент, ки яке аз мавзеҳои сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад, лоиҳаи “Барномаи  рушди ҳунармандӣ барои солҳои 2023-2025” қабул карда шуд. Дар ин бора ҳукумати шаҳри Панҷакет хабар медиҳад.

Лоиҳаи барномаи мазкур дар ҷаласаи Шӯро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкории назди ҳукумати шаҳри Панҷакент, ки 21-уми январ баргузор гардид, пешниҳод ва қабул карда шудааст.

Қабл аз ин, ҳайати нави Шӯро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ муаррифӣ гардидааст ва тавре дар хабар зикр мегардад, ба он бори нахуст соҳибкорони муваффақи зодаи Панҷакент, ки ҳоло берун аз шаҳр ва мамлакат фаъолият доранд, аз ҷумла  Толиб Санақулов – соҳибкори номвари сокини Ҷумҳурии Қазоқистон, Нигина Икромӣ – роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Рушди эҷодии Тоҷикистон” ва ҳамзамон роҳбари корхонаи “Деҳаи Гулзар” шомил карда шудаанд.

Таъкид мегардад, ки ҳадафи аслии Барнома такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди ҳунармандӣ дар шаҳри Панҷакент мебошад.

Айни замон дар ин шаҳр зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, ҷомадӯзӣ, кандакорӣ, кундалнигорӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ аз ҳунарҳои мардумии маъмул ба ҳисоб мераванд, ки имконияти рушди бештарро доранд.

Бо ин мақсад, дар Барномаи қабулшуда пешниҳоди грантҳо ҳам пешбинӣ шудааст, ки ҳаҷми он аз 5 ҳазор то 15 ҳазор сомониро ташкил менамояд.

Ин Барнома роҳу усулҳои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, роҳандозии омӯзиши он, ташкили намоишу фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ, марказу растаҳои  ҳунармандӣ ва ташкили ҷамъияти ҳунармандони шаҳри Панҷакентро пешбинӣ мекунад.

Ҳамчунин, дар заминаи он озмунҳо байни ҳунармандон, муқаррар намудани имтиёзҳо ва дастгирии молиявии онҳо, роҳандозии ҳамкорӣ бо ҳунармандони давлатҳои ҳамсоя, омӯхтани таҷрибаи онҳо, иштирок  дар ҳамоишу намоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ, ҳамгироии рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ, ташаккули инфрасохтори соҳа, бозорёбӣ ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ дар назар гирифта шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки айни ҳол ба феҳристи ҳунарҳои мардумии шаҳр 76 навъи ҳунармандӣ шомил гардида, беш аз 1140 нафар ҳунармандон ба қайд гирифта шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...