12 ҳолати никоҳ бо хориҷиён дар Хатлон

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Соли 2022 дар вилояти Хатлон 12 ҳолати никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин, дар 8 ҳолат мардони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ ақди никоҳ бастаанд, дар 4 ҳолат духтарони тоҷик шавҳари хориҷӣ кардаанд.

Дар ин бора Ҳакимзода Абдусаттор, намояндаи шуъбаи сабти ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон, имрӯз, 1-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аз ҳама бо шаҳрвандони Русия ақди никоҳ бастааст. Дар зинаи баъдӣ давлати Ӯзбекистон қарор доштааст.

“Дар ҳамаи ҳолатҳои бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ, байни ҷонибҳо аҳднома ба имзо расидааст”, – гуфт Ҳакимзода Абдусаттор.

Дар маҷмӯъ, соли 2022 дар вилояти Хатлон 25 ҳазору 396 ҳолати ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2021 698 ҳолат кам мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...