Имдодгарони КҲФ ҷасади 2 нафарро аз дарёҳо берун гирифтанд

Date:

Тайи шабонарӯзи гузашта имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ҷасади 2 нафарро аз дарёҳо берун гирифтанд.

Бино ба маълумоти Кумита, дар ҳодисаи аввал ба навбатдори Кумита хабар мерасад, ки дар зери пули дарёи Душанбе, дар дохили чоҳи обрав ҷасади шахсе дида мешавад.

“Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади марди тақрибан 40-45-соларо берун гирифтанд. Ҷасад ба кормандони милитсия супурда шуд. Шахсият ва сабабҳои марги мардро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд”, – хабар доданд аз Кумита.

Дар ҳодисаи дуюм дар шимоли ҷумҳурӣ дар соҳили Сирдарё ҷасади 1 нафар зан дарёфт шудааст.

“Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба навбатдори Раёсати Кумита дар вилоят хабар медиҳад, ки дар Сирдаёр миёни қамишҳо ҷасади одам дарёфт шудааст. Гурӯҳи имдодгарон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, ҷасади як зани тахминан 30-соларо аз байни қамишзор берун гирифтанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”, – хабар доданд дар Кумита.

Ба иттилои манбаъ,, маълум шудааст, ки зани 31-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 24 январи соли равон аз хонаи волидонаш берун рафта, дигар барнагаштааст.

“Сабабҳои марги занро мақомоти салоҳиятдор таҳқиқ мекунанд”, – зикр мешавад дар маълумоти Кумита.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...